ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
МУАРРИФИИ ИНСТИТУТИ ИЛМӢ- ТАҲҚИҚОТӢ
2018-06-12

Дар замони пешрафти босуръати  бархўрдҳои илмиву фарҳангӣ ҳифзи мавқеъ ва  мақоми илмиву таълимӣ  яке аз масъалаҳои ниҳоят муҳими  ҳар як муассисаи давлатӣ ба шумор меояд. Табиист, ки  маҳз бо тайёр намудани мутахассисони ҷавобгў ба меъёрҳои илмии  ҷаҳони метавон ба ҳадафҳои назаррас расид ва  аз мақоми худ дифо кард. Дар ин замина Пешвом муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки  ояндаи кишварро  танҳо мутахассиси бонангу номус ва ватандўсту худшинос метавонад обод созад. Дар ин раванд давлату ҳукумат ва ба хусус  Пешвои миллат тамоми шароити созгорро барои  омода намудани кардҳои баландихтисос  муҳайё  намудаанд. Маълум  аст, ки Пешвои миллат  яке аз самтҳои муҳими муассисаҳои олиро дар сифатмандии кадрҳои балантихтисос ва нерўманд медонанд. Дар партави ҳамин сиёсати маърифатгарои Пешвои миллат Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон  Ғафуров беш аз пеш барои омода намудани кадрҳои сифатманди соҳаи илмӣ тадбирҳои муашахассро ба роҳ мондааст.

Имрӯз дар толори калони раёсати донишгоҳ бо ишгтироки ректори донишгоҳ профессор Ҷ. Ҷӯразода ва кулли устодон муаррифии Институти илмӣ- таҳқиқотии  илмҳои педагогӣ  дар назди донишгоҳ баргузор гардид. 

Ректори донишгоҳ профессор Ҷ. Ҷӯразода ҳадаф аз таъсис додани Институти мазкурро  ин  ниҳоди илмӣ пеш аз ҳама таҳким бахшидан  ба сифат ва арзиши корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва тайёр намудани кормандони ин соҳаи ниҳоят муҳим арзёбӣ намуда, зикр кард, ки: “Мо умед дорем, ки фаъолияти ин институт барои густариши  илми педагогика дар ҷумҳурӣ нақши муассир мебозад ва  дар рушди афкори илмӣ ва интиқодии муҳаққиқиқони соҳа заминаи мусоид фароҳам меоварад”.

Бо мавзӯи “Дурнамо ва консепсияи фаъолияти  илмӣ- таҳқиқотӣ ва методии институт” директори институти илмӣ- таҳқиқотии илмҳои педагогӣ, профессор Ш. Шаропов маърӯза намуд.  Ҳамунин дар чорабинии мазкур  профессор О. Исломов ва дотсент З. Раҳмонов  бо маърӯзаҳои худ  баромад намуданд.

Дар охир  андешаронӣ ва пешниҳоди  иштирокчиёни чорабинӣ шунида шуд.

 Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:572 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар