ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ГИРОМИДОШТИ ХОТИРИ ШОДРАВОН ПРОФЕССОР АБУЛҚОСИМ МӮҲСИНОВ
2017-09-05

Бо мақсади гиромидошти поси хотири Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои физикаю математика, профессори кафедраи анализи математикии факултети математика шодравон Абулқосим Мӯҳсинов бо назардошти хизматҳои шоистаи устоди шодравон дар соҳаи илму маорифи кишвар, аз ҷониби раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров як силсила иқдомҳо амалӣ карда мешаванд.
Тавре, ки иттилоъ дода шуд, дар ҷаласаи нахустини Шўрои олимони донишгоҳ дар соли таҳсили 2017-2018 бо пешниҳоди декани факултети математика дотсент Қулихон Бобохонов кафедраи анализи математикии факултети математика ба номи олими варзида, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Абдулқосим Мӯҳсинов номгузорӣ карда шуд. 
Ҳамзамон садорати факултет вазифадор гардид, ки дар назди кафедраи анализи математикии факултети математика барои насби “Лавҳаи хотиравӣ”-и устоди шодравон профессор Абулқосим Мӯҳсинов тадбирҳои амалӣ андешад.
Ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷўразода хизматҳои устоди  шодравон Абулқосим Мўҳсиновро махсусан қайд намуда, зикр сохт, ки имрузҳо зери роҳбарии устоди шодравоон ба якчанд нафар аз ҷумла сармуаллими кафедраи анализи математикӣ Н. Охунов Н, аспирантон  Д. Баротов, М. Раҳимова, Э. Бобоев ва дигарон корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бурда, аксарияташон омодаи ҳимояи рисолаҳои номзадӣ мебошанд. Солҳои тулонӣ профессори шодравон А.Муҳсинов роҳбари умумии донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоxон Ғафуровро дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии мактабҳои олӣ ба ӯҳда доштанд.  Шогирдони устод Абдулқосим  Мӯҳсинов солҳои тӯлонӣ дар олимпиадаҳои ҷумҳурияву байналмиллалӣ тавонистнд, ки ҷойҳои намоёнро сазовор гарданд. Устод Абдулқосим  Муҳсинов ҳамчун олими шинохтаи ҷумҳурӣ дар байни шогирдон, математикони вилояту ҷумҳурӣ, ҷомеаи факултети математика ва донишгоҳ обрӯи хоса доштанд. Ҳарчанд шодравон Абдулқосим Муҳсинов ҷисман дар байни ҷомеаи донишгоҳ набошанд ҳам, рӯҳан абадан дар дили аҳли ҷомеаи донишгоҳ боқӣ хоҳанд монд. 
Аз ҷониби ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷўразода дастур дода шуд, ки ҳамасола ба муносибати рӯзи мавлуди устоди шодравон профессор Абулқосим Мӯҳсинов ҷиҳати дар факултети математика доир намудани конфронсҳои илмӣ-методӣ чораҳои зарурӣ андешанд. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки дар факултети математика ҷиҳати ташкили гӯшаи алоҳида бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти устоди шодравон профессор Абулқосим Мӯҳсинов чораҳои амалӣ андешида шавад.
Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ
 
 
 
Аз назар гузарониданд:675 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар