ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ОМӮЗГОРӢ- КАСБИ ПУРШАРАФ
2017-10-04

Имрӯзҳо бо дастгириву ғамхориҳои  Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Э. Раҳмон ба пешрафти илму маориф такони ҷиддӣ дода шуда, шароити таҳсил дар муассисаҳои таълимии миёнаву олӣ  беҳтар карда шуда, бо технологияи муосир таъмин гардонида шуданд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо  устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ  вазифаи муқаддаси хешро  шарафмандона ба иҷро расонида, дар амалӣ гардонидани барномаҳои давлатӣ, нақшаю барномаҳои таълимӣ  ва куллан беҳтар намудани сатҳ ва сифати дониши донишҷӯён  саҳми худро гузошта истодаанд.
Дар бинои факултети забонҳои шарқ чун иди касбии омӯзгорон – Рӯзи муаллим ботантана қайд карда шуд. Барои гиромидошти меҳнати содиқонаи муаллимони факултет ва сазовор қадр намудани заҳматҳои онҳо бо ташаббуси омӯзгори кафедраи забони англисии факултети забонҳои шарқ М. Юлдошева ва донишҷӯёни гурӯҳи 207 (ихтисоси хитоӣ-англисӣ) ҷамъомади идона таҳти унвони “Омӯзгорӣ - касби пуршараф” баргузор гардид.
Ровиёни хушкалом бо 5 забон ҷамъомадро ҳусни ифтитоҳ бахшида, муаллимонро бо идашон муборакбод намуданд. Сипас шеърҳои пурмазмун ва гуфторҳои бузургон дар бораи омӯзгор бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ, русӣ, хитоӣ ва немисӣ қироат карда шуд. Баъдан донишҷӯи курси 1  гурӯҳи 107  сурудеро бо номи «Муаллим» бо забони англисӣ  сароид, ки  ҳамаро мафтун гардонд. 
Дар охир декани факултет Ф. Ғиёсова кулли устодонро бо иди касбиашон  табрику муборакбод намуда, барояшон бахту саодат, рӯзгори хушу обод ва дар кори  таълиму тарбияи ҷавонон муваффақиятҳо ва комёбиҳои нав ба нав орзу намуд. Бо ҳамин чорабинӣ ҷамъбаст гардид.  
 
Маркази иттилоот ва таҳлил
 
 
Аз назар гузарониданд:652 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар