ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ГУЛРУХСОР МЕҲМОНИ “ГАНҶИ СУХАН”
2018-06-18

Нишасти 163-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”бо иштироки адибону олимони номвар, донишҷӯён ва мухлисони асили каломи бадеъ дар толори факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлати Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд. Роҳбари маҳфил адабиётшинос Саидумрон Саидов маҳфилро оғоз бахшида,чеҳраи маъруфи адабиёт, Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиеваро хайрамақдам гуфт. Сипас муовини ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Давлатзода Рухсора ба таърих ва арзиши маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” руҷӯъ намуда, ширкати Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиеваро мояи ифтихори аҳли маҳфил арзёбӣ кард.

Аз рӯи нақшаи кори маҳфил дар бахши “Навгониҳои илмиву адабӣ” адабиётшинос Субҳон Аъзамзод баромад карда, ҳозиринро бо бештар аз 20 номгӯ китоби тозанашр ошно кард.Мавсуф зимнан аз шахсиятҳои маъруфе ёд кард, ки онҳо дар ҳамин моҳ таваллуд шудаанд ва дар бораи китоби тозанашри “Оинадори нақд”,  ки ба ҳаёт ва фаъолияти адабиётшиноси шодравон Атахон Сайфуллоев бахшида шудааст муфассал нақл намуд. 

Дар маърӯзаи илмии худ таҳти унвони “Ҳамзоди тӯфон”- адабиётшиноси маъруф Матлубаи Мирзоюнус дар мавриди зиндагинома  ва осори Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор тавваққуф намуда, аз вежагиҳои шеъри шоира ёд кард. Аз хидматҳои шоира дар пешрафти адабиёти муосир ибрози назар намуд. Ӯ гуфт,ки шоира дорои сабку услуби хос буда, чи дар назм ва чи дар  таълифи осори мансур ҳунари баланди суханофариро ба намоиш гузоштааст. Муҳаққиқ барои исботи фикраш мисолҳои фаровоне аз ашъори шоира дар маърази ҳозирин гузошт:

Зиндагӣ заҳр аст дар ҷоми набуда,

Зиндагӣ шаҳд аст дар коми набуда.

Зиндагӣ соз аст сози бемуғаннӣ,

 Зиндагӣ шеър аст шеъри носуруда.

 

Маънои ҳама ҳарфу каломӣ эй ишқ,

Воло зи ҳама ному мақомӣ эй ишқ.

Олам ҳама девони туро хоҳад хонд,

Аз он ки китобати тамомӣ эй ишқ

 

   Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор дар назди аҳли маҳфил як сӯҳбати азод ва ҷолибро баргузор намуд. Ӯ дар бораи адабиёт,шеър,ҳунари шоирӣ андешаҳои худро баён карда, аз суханварони мумтоз чун Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Мӯъмин Қаноат,Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир  ва дигарон дар заминаи хотираҳои рӯшан ва муассир ёд кард. Ҳамзамон аз бардошти неки хеш аз ободиву сарсабзии шаҳри Хуҷанду Гулистон  сухан карда,аз истиқболи гарми мухлисони асилаш шукргузорӣ намуд. Дар радифи суханварони муосир дар бораи мақому манзалати Шоири Халқии Тоҷикистон Фарзона сухан карда ӯро нигине дар ангушти миллат номид. Ҳозирин ба силсилаи зиёди суолҳои худ аз шоира ҷавоб гирифтанд. Гулрухсор бо қироати ашъори ошиқона толоррро лабрези муҳаббат ва шодиву фараҳ сохт:

Зиндадори ишқ,ишқи меҳанам,

Ҳақшиори ишқ ишқи меҳанам.

Ман Ватандори дурӯғин нестам,

Нангу ори ишқ ишқи меҳанам...

Шоиронро ишқ илҳом худост,

Ҳақнисори ишқ ишқи меҳанам

Ишқи ман ишқи Ватан,ойина аст,

Нашканед ойинаамро бишканам.

 

Шоири Халқии Тоҷикистон,раиси суғдии Иттифоқи нависандагон Аҳмадҷони Раҳматзод шоираро хайрамақдам гуфт ва барои меҳмон ду китоби пурарзиш “Девон”-Камоли Хуҷандӣ (дар таҳияи Абдуҷаббори Суруш)  ва “Девон” –Сайфи Исфарангӣ(дар таҳияи Субҳон Аъзамзод)- ро, ҳадя кард.

Шоири  халқии Тоҷикистон Фарзона бошад як сӯҳбати ширину пурмӯҳтаворо дар бораи Гулрухсор ироа кард ва беҳтарин адибони вилоятро,ки дар ҷодаи шеър қаламфарсоӣ мекунанд муаррифӣ намуд ва изҳори умедворӣ кард, ки ҷавонон ворисони арзандаи суханварони номвари тоҷик хоҳанд буд. Муҳаққиқи ҷавон Умеда Абдурашидова,ки рисолаи илмии худро дар перомуни осори Гулрухсор дифоъ кардааст аз хусусиятҳои баргузидаи ашъори шоира сухан намуд. Чанд нафар мухлисони асили ашъори шоира орзуву таманноҳои неки хешро барои меҳмони азиз баён карданд. Сарояндаи хушадо Ҳусейнҷон Юсуфов дар асоси матни ашъори Гулрухсор ва Фарзона ду суруди дилнишинро ба самъи ҳозирин расонид ва ба маҳфил шукӯҳи дигар ато кард.

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:585 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар