Мусаллам аст, ки дар замони истиқлолияти давлатӣ густариши соҳаҳои мухталифи ҷомеа ба вуқўъ пайвастанд, ки бевосита аз сиёсати ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Тоҷикистон дар марҳилаи нави пешрафтҳои замони истиқлолияти давлатӣ қарор дорад, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати рў ба тараққаӣ ва орому осоишта пазируфта шудааст.
Дар ҳошияи конфронси байналмилалие, ки санаи 4-уми май дар шаҳри Душанбе доир ба мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида буд, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Fафуров бо такя ба сиёсати созанда ва сулҳҷўёнаи Пешвои миллат барои муқовимат ва дарёфти роҳу усулҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб чораҳои зуруриро андешида, имрӯз дар толори раёсати донишгоҳ конфронси илмӣ- амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “ Терроризим ва ифротгароии хушунатомез: роҳу усулҳои пешгирӣ ва муқовимат бо он” доир намуд. Дар конфронс ректори донишгоҳ профессор Ҷ. Ҷӯразода ва намояндагон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, аз Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, олимон, устодон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Сухани ифтитоҳиро ректори донишгоҳ оғоз намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки новобаста аз пешрафтҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маданӣ дар ҷомеаи ҷаҳонии имрўз бархўрдҳои сиёсиву иҷтимоӣ, таърихиву фарҳангӣ ва диниву мазҳабӣ ҳамчун зухуроти муассире дар дигаргуншавии вазъи сиёсиву иҷтимоии ҷаҳон мавқеъ пайдо кардаанд, ки муносибати огоҳона ва созандаи моро нисбат ба ин падидаҳо тақозо дорад. Дар ҷомеаи имрўз эътироф ва эҳтиёти дастовардҳои бузурги замони истиқлолият, ки яке аз ин дастовардҳо сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад, вазифаи муқаддаси ҳар яки мост.
Ҳамчунин сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд А. Салимӣ дар маърӯзаи пурмуҳтавои худ таҳдидҳои муосир ба амнияти минтақа ва кишвар ва роҳҳои пешгирии экстремизим ва терроризмро мавриди тавваҷуҳ қарор дод.
Воқеан, экстремизм ва терроризм дар меҳвари гирудорҳои сиёсии ҷаҳон қарор дошта, хатари бузургеро дар пай дорад, ки Пешвои миллат борҳо аз ин хатар ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор додаанд. Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Терроризм ва ифротгароии хушунатомез: роҳу усулҳои пешгирӣ ва муқовимат бо он» дар заминаи ҳамин сиёсати беамони Пешвои миллат нисбат ба экстрамизм ва терроризм баргузор гардид.
Дар охир фаъолияти маҳфили доимоамалкунандаи тарғиботчиёни ҷавон “Андеша” ҷамъбаст гардида, ба иштиркчиёни он ифтихорнома ва гувоҳнома супорида шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил