ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ДОНИШГОҲ
2018-07-31

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сентябри соли 2011, №АП-1729 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар мақомоти давлатӣ» ҳамасола барои дар сатҳи сазовор ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти нимсола ва солонаи донишгоҳ кўшиш менамояд.

Имсол низ тибқи Нақшаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми июли соли 2018 ва Ҷадвали мақомоти иҷроияи вилояти Суғд аз 20-уми июли соли 2018 оид ба ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2018, ки тибқи мактуби Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июли соли 2018, №26/10-133 қабул карда шудааст, санаи 23-юми июли соли ҷорӣ нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор карда шуд.

Дар нишасти мазкур намояндагони 25 воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявию маҳаллӣ иштирок намуданд.

Гузориши ректори донишгоҳ профессор Ҷ. Ҷўразода дар бо муаррифӣ пешниҳод карда шуд.

Ректори донишгоҳ дар оғоз аз натиҷаи иҷрои протколи нишасти матбуотии қаблӣ ёдовар шуда, ҳамкорӣ ва равобити Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ВАО аз тадбири муҳим ба беҳтар шудани фазои иттилоотӣ, дастрасӣ ба иттилооти расмӣ, таъмини шаффофият дар фаъолияти донишгоҳ ва ҳалли масъалаҳои марбут маҳсуб донист.

Аз ҷумла қайд карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълиму тарбияи насли ояндасозро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати маънавибунёд ва маорифпарваронаи худ қарор дода, таъкид менамоянд, ки: “Моро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем.

Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ бо истифода аз ҳама заминаҳои мавҷуда тамоми иқтидор ва имконоти худро ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тавсеаи доираи тадқиқоти илмӣ, барномаҳои мукаммали тарбияи кадрҳо, таҷаддуди раванди таълим дар пайвастагӣ бо тарбияи маънавию ахлоқии донишҷўён, ба камол расонидани мутахассисони сазовор, фароҳам овардани шароити мусоиди кору таҳсил равона намудааст.

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров соли 2018 дар фаъолияти гуногунҷабҳаи худ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, беш аз 10 – Қонунҳои соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 15 –Стратегия ва Барномаҳои илмии давлатӣ, 15 – Фармонҳои Президент ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро сармашқи фаъолият қарор дод.

Дар давраи ҳисоботӣ 5 маротиба ҷаласаҳои навбатӣ ва 2 маротиба ҷаласаҳои ғайринавбатии Шўрои олимон – бо муҳокима ва баррасии 31 адад масъалаҳои асосӣ ва 116 адад масъалаҳои ҷорӣ баргузор карда шуданд.

Тариқи равзанаи ягона беш аз 244 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, 7924 муроҷиат тибқи дафтари қайди шуъбаи коргузорӣ ва зиёда аз 20 муроҷиат тавассути қабулгоҳи электронии ректори донишгоҳ қабул ва баррасӣ карда шуданд.

Давоми нимсолаи аввали соли 2018 - 2 маротиба маърўзаи ректори донишгоҳ дар Ҷаласаҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми кишвар шунида шуда, ба натиҷаҳои фаъолият ва дастовардҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ин давра баҳои баланд (мусбӣ) дода шуд.

Айни ҳол дар донишгоҳ 850 нафар омўзгорон фаъолият менамоянд, ки аз ин теъдод устодони соҳибунвон 47,1- % ро ташкил медиҳанд.

Тибқи хулосаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф оид ба муайянкунии рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 5 моҳи соли 2018 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз рўи 34 нишондиҳанда аз ҷумла, аз ҳисоби миқдори ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, таълифи мақолаҳои илмӣ, монографияҳои илмӣ, китобҳои дарсии тахассусӣ, миқдори ихтироот ва навоварӣ, мавҷудияти институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ғолибияти донишҷўён дар озмуну олимпиадаҳо ва таъмини хатмкунандаҳо ба ҷойи кор миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумхурӣ мақоми сеюмро соҳиб гашт.

Дар соли хониши ҷорӣ сатҳи сифати таҳсилот, яъне шумораи донишҷўёни бо баҳои хубу аъло таҳсилкунанда ба 48,2% расонида шуд.

Мутаносибан, дараҷаи донишазхудкунии донишҷўён низ дар давраи асосии сессияи тобистона ба 89% баланд бардошта шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 7% зиёд мебошад.

Барои баландбардории савияи дониш, қобилияти зеҳнӣ ва муайянкунии сатҳи воқеии дониши донишҷўён баробари имтиҳоноти тестӣ имтиҳонҳои хаттӣ, шифоҳӣ ва эҷодӣ ҷорӣ карда шуданд. Дар маҷмўъ миқдори умумии имтиҳонот дар сессияи тобистонаи соли таҳсили 2017-2018  2410-ро адад ташкил намуд, ки аз онҳо 1823 адад (75,6%) ба тариқи тестӣ, 249 адад (10,3%) ба тариқи хаттӣ, 113 адад (4,7%) ба тариқи шифоҳӣ ва 225 адад (9,3%) ба тариқи эҷодӣ сурат гирифтанд.

Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии раванди таълим ва ба меъёрҳои байналмилалӣ (ISO 9000) мувофиқ намудани сатҳу сифати таҳсилот дар донишгоҳ Стандарти сифати таҳсилот қабул карда шуд, ки ин иқдом дар таҷрибаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ аввалин мебошад.

Ҷиҳати бароҳмонии босамари таҷрибаомўзии омўзгорӣ дар давраи ҳисоботӣ дар 15 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру навоҳии вилоят ташкили кафедраҳои пойгоҳии методикаи таълими фаннҳо пурра ба итмом расонида шуда, минбаъд мустаҳкамкунии пояи моддӣ-техникӣ ва таъмини маводҳои таълимӣ-методӣ дар онҳо ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин давра аз 1015 фанни таълимӣ ба 937 фан бастаҳои таълимӣ ва муаррифӣ мураттаб карда шуд, ки ба 92,3% баробар аст.

Дар ҳамаи кафедраҳои донишгоҳ баробари семинарҳои илмӣ-назариявӣ фаъолияти мунтазами семинарҳои таълимӣ-методӣ ба роҳ монда шуд.

Яке аз роҳҳои босамари идоракунии раванди фаъолияти самтҳои гуногуни донишгоҳ ин ба роҳ мондани пурсиши афкори донишҷӯён ва омӯзгорон ба ҳисоб меравад. Дар соли 2018 пурсиши афкор дар байни донишҷўён ва омӯзгорон бо ду роҳ: хаттӣ ва тавассути низоми идоракунии иттилоотӣ ба роҳ монда шуд, ки дар он зиёда аз 5500 нафар донишҷӯён ва беш аз 480 нафар устодон иштирок намуда, фикру дархости худро  изҳор намуданд.

Соли хониши ҷорӣ ба таври озмоишӣ донишҷўёни курси якуми шуъбаи ғоибонаи 4 факултет: Педагогӣ, Физика ва техника, Телекоммуникат­сия ва технологияҳои иттилоотӣ, Молия ва иқтисодиёти бозор аз рўи 7 ихтисос ба таҳсили низоми фосилавӣ фаро гирифта шуданд.

Тибқи низомномаи таҳсилоти фосилавӣ 66 нафар омӯзгорон дар донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони Муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба низоми кредитӣ ва таҳсилоти фосилавӣ аз такмили ихтисос гузаронида шуданд.

Бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” 14 ихтисоси нав ташкил карда шуд, ки ихтисосҳои “Санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ”, “Ҳунарҳои халқии бадеӣ” ва “Таълими касбӣ (радиоэлектроника)” аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Дар меҳвари Раёсати таълими донишгоҳ ба низоми таҳсилоти фосилавӣ ворид намудани ихтисосҳои боқимонда, ташкили гуруҳи ихтисосҳои забони таҳсилашон хориҷӣ (англисӣ), таҳия ва ба нашр омода намудани маводи таълимӣ-методӣ, ташкили гуруҳи корӣ ҷиҳати санҷиши сатҳу сифати тестҳо ва саволномаҳои имтиҳони ниҳоӣ, ташкил ва баргузор намудани  вебинарҳои таълимӣ, таҳияи маводҳои таълимӣ дар шакли DVD дискҳо, ташкили машваратҳои мустақим қарор дорад.

Дар соҳаи илм ва инноватсия тибқи нақша 4 конфронси ҷумҳуриявӣ, 5 вилоятӣ, беш аз 30 конфронсҳои минтақавӣ (шаҳрӣ, донишгоҳӣ) дар донишгоҳ ташкил ва баргузор карда шуданд.

Хусусан, баргузории 2 коннфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ “Илм ва амнияти миллӣ” ва “Тероризм ва ифротгароии хушунатомез: роҳҳои пешгирӣ ва муқовимат бо он” дар якҷоягӣ бо Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд иқдоми нахуст миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, метавонад дар самти муқовимат ба зуҳуроти глобалии экстремизму терроризм ва таҳкимбахшии ваҳдату ягонагии миллӣ дар кишвар мусоидат намояд. Дар назар аст, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ бо дастгирии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ конфронси илмӣ-назариявии байналмилалӣ вобаста ба таъмини амнияти миллӣ ва пешгирӣ аз хатарҳои экстремизму терроризми байналмилалӣ дар донишгоҳ ташкил карда шавад.

Дар нимсолаи аввали соли 2018 дар донишгоҳ беш аз 1500 номгўи маводи таълимӣ ва китобу мақолоти илмӣ – 10 монография, 12 китобҳои дарсӣ, 18 дастурҳои таълимӣ, 22 маҷмўи мақолаҳо, беш аз 1400 мақолаҳои илмӣ аз ҷониби устодони донишгоҳ нашр гардиданд, ки минбаъд масъалаи баланд бардоштани сифати онҳо дар мадди назар хоҳад буд.

Донишгоҳ ҳамчунин тасмим дорад, ки чопи китобҳои дарсӣ ва дасурҳои таълимиро аз ҳисоби грантҳо фаъол ба роҳ монад. 

Моҳи апрели соли ҷорӣ дар доираи “Ҳафтаи илми тоҷик” дар донишгоҳ марафони китоб баргузор гардид, ки дар натиҷа аз ҷониби устодону донишҷўёни донишгоҳ ба хазинаи Китобхонаи марказии донишгоҳ зиёда аз 3500 ҳазор китобҳои дарсӣ, илмиву бадеӣ туҳфа карда шуд.

Дар масъалаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ  барои солҳои 2017-2020 қабул гардид. Ҳоло дар донишгоҳ панҷ Шўрои диссертатсионӣ  фаъолият барда истодаанд. Аз оғози соли 2018 то имрўз аз тарафи омӯзгорони донишгоҳ 16 рисолаи номзадӣ ва 2 рисолаи докторӣ ҳимоя гардид. Бо мақсади дар сатҳи баланд омода намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ дар назди донишгоҳ боз як маркази илмӣ – Институти илмӣ-таҳқиқотии илмҳои педагогӣ таъсис ёфт.

Дар нимсолаи аввали соли 2018 Маркази дастгирии донишҷўёни болаёқату навовар ташкил карда шуд, ки фаъолияти он барои рушду такомули корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва инноватсионии донишҷӯён равона шудааст.

Барои вусъат бахшидан ба фаъолияти Паркҳои технологӣ ва мутобиқ намудани кори онҳо ба талаботи замони муосир дар соли хониши 2018-2019 сехи дӯзандагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, озмоишгоҳу марказҳои забономӯзӣ ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои инноватсионӣ таъсис дода шуданд.

13 нафар донишҷӯёни донишгоҳ имсол дар Олимпиадаи 5-уми ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ширкат намуда, бо гирифтани 5 ҷойи намоён миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ҷойи дуюмро сазовор гардиданд.

Ҳамчунин, бо иштироки фаъоли худ дар Олимпиадаи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар ш.Бохтар), Олимпиадаи байналмиллалии «Идораи якҷояи захираҳои обӣ» ва Озмуни ҷумҳуриявии “Санъати сухан” донишҷўёни мо бо гирифтани 10 ҷойи намоён дар мақоми ифтихорӣ қарор гирифтанд.

Омўзгорони донишгоҳ ҳар моҳ мунтазам ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, зимни мулоқот бо аҳли ҷомеаи кишвар бахшида ба фарорасии Моҳи шарифи Рамазон ва Конфронси байналмилалӣ оид ба муқовимат ба экстремизму терроризм дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд наздик 180 вохўриву мулоқотҳоро бо аҳолӣ анҷом дода, ҳамзамон, дар 38 барномаҳои телевизионӣ ва 68 радиоӣ доир ба ин масъала ширкат варзиданд.

Яке аз чорабиниҳои хотирмон Мулоқоти Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бо устодону донишҷўёни донишгоҳ бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки зимни мулоқот масоили омодагӣ ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ; ташкили силсилаи чорабиниғо оид ба омӯзиши асарҳои Асосгузори  сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон; гузаронидани корҳои тарғиботӣ ва ташкили чорабиниҳои гуногуни илмию фарҳангӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”; тақвияти корҳои тарғиботӣ дар миёни ҷавонон, донишҷўён оид ба масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ; доир намудани силсилаи вохўриву мулоқотҳо бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ; тақвият додани истифодаи технологияи муосир дар ҷараёни таҳсил; андешидани тадбирҳои муҳим оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот; ба талабот ва меъёрҳои муосир мутобиқ гардонидани раванди таълим ва ба ин монанд баррасӣ гардида, пешниҳоди устодону донишҷўёни донишгоҳи мо оид ба пешбурди раванди таҳсилот ва корҳои илмӣ-тадқикотӣ ба нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ворид карда шуданд. 

Соли хониши ҷорӣ маҳфили тарғиботчиёни ҷавон “Андеша” ва маркази муқовимат бо экстремизм ва терроризм таъсис дода шуда, дар давраи ҳисоботӣ тавонистанд беш аз 300 мақолаю изҳорот ва 70 000 вокунишу раддияҳои таблиғотиро тавассути расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ пешкаш намоянд.

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ду маҳфилҳои тарбиявию омўзишии “Гулчини ҳунар” ва “Сеҳри сузан” дар хобгоҳҳои духтарона ба фаъолият шуруъ намуда, осорхонаи донишгоҳӣ дар тарҳи нав таҷдид ёфта, мавриди истифода қарор дода шуд.

Соли 2017 Донишгоҳ ғолиби озмуни Лоиҳаи нави барномаҳои ERASMUS+барои солҳои 2017-2019 таҳти унвони “Беҳтар­гардонии таҳсилоти муҳандисӣ тавассути омода намудани омўзгорон ва методҳои нави педагогӣ дар Русия ва Тоҷикистон” гардид, ки давоми нимсолаи аввали соли 2018 20 нафар кормандон, омўзгорон, магистрантон ва донишҷўёни донишгоҳ тавассути ин лоиҳа барои иштирок дар семинару конфросҳо ба хориҷи кишвар сафарбар карда шуданд.

Бо 6 донишгоҳҳои хориҷӣ – Донишгоҳи давлатии фанҳои табии Россия, Донишгоҳи давлатии сохтмони Россия, Донишгоҳи давлатии Ганҷаи Озорбойҷон, донишгоҳҳои давлатии Андиҷон, Фарғона, Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Хусусан, барқароршавии робитаҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Узбекистон дар заминаи вохўрии сарони давлатҳои Тоҷикистону Узбекистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти умҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар таърихи робитаҳои дўстӣ, муносибатҳои ҳамкории ин давлатҳо саҳифаи навро боз намуда, имкониятҳои навро дар риштаи ҳамкориҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба миён овард. 

Дар даври ҳисоботӣ 21 нафар мутахассисони хориҷӣ – 2 нафар аз Озарбойҷон, 1 нафар аз Итолиё, 5 нафар аз Қирғизистон, 3 нафар аз Ҳиндустон, 10 нафар аз Руссия ба донишгоҳ  ташриф оварданд.

Бо мақсади омўзиши забони англисӣ аз тарафи устодон ва кормандон дар назди шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ 11 гурўҳ иборат аз 222 нафар ташкил карда шуда, 105 нафари онҳо соҳиби сертификат гардиданд.

Ба пешвози 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ корҳои ободонию созандагӣ бомаром идома дошта, дар ин замина, бо иштироки беш аз 1500 нафар кормандону устодону донишҷўён, беш аз 20 маротиба шанбегиҳо бо шинонидани зиёда аз 5000 гулҳои ороишии мавсимӣ ва доимӣ, 700 дарахтҳои сояафкан, ҳамешасабз ва мевадиҳанда анҷом дода шуданд.

Инчунин беш аз 2000 м2 роҳҳои биноҳои таълимӣ мумфарш ва зиёда аз 3800 м2 роҳравҳо ва саҳни ҳавлии биноҳо сафолакпўш карда шудаанд.

Осорхонаи донишгоҳ бо тарҳи нав дар бинои таълимии №1 сохта ба истифода дода шуд, ки метавонад ҳамчун муаррифгар ва оинаи таърихи донишгоҳ барои таълимгирандагони ин боргоҳи илму маориф ва меҳмонону сайёҳон хизмат намояд.

Дар нақша пешбинӣ гардидааст, ки дар соли ҷорӣ барои зимистонгузаронӣ 1 буғхона барои бинои таълимии №1 сохта шавад. 

Устодону донишҷўёни донишгоҳ дар зиёда аз 38 барномаҳои телевизионӣ ва 68 радиоӣ иштирок намуда, дар ин замина, 386 гузоришоту рекламаҳои донишгоҳ тавассути васоити ахбори омма пахш гардиданд. Аз ҷониби Студияи таълимӣ-телевизионии “Фурўғ”-и донишгоҳ зиёда аз 12 маротиба барномаи таҳлилӣ-иттилоотии “Пайки маърифат” бо фарогири зиёда аз 89 гузориш тавассути ТВ Суғд ба намоиш бароварда шуд.

Тавре дар суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр мешавад: “Ҳукумат барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, ба рушди илмҳои техникиву табиатшиносӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардонидани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи интернет дар низоми таҳсилот, таъмини самаранокии фаъолияти омўзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад.” 

Ин раванд имрўз аз ҳар як корманди соҳаи маориф ва илм масъулияти ҷиддиро тақозо менамояд, ки ҷиҳати таъмини иҷрои ин вазифаи бошараф ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров пайваста ҷаҳду талош варзида, кўшиш менамоянд, боз ҳам ба дастовардҳои аз ин  ҳам назаррас ноил гардад.

Пас аз гузориши ректори донишгоҳ намояндагони  воситаҳои ахбори омма аз масоили мубрами рўз ва ҳаёти донишгоҳ, шароитҳои зиндагии донишҷўён дар хобгоҳ, дастовардҳои раванди таҳсилу тарбия, корҳои илмию тадқиқотӣ, пешбурди корҳои созандагиву муҷаҳҳазкунӣ ва робитаҳои байналмилалӣ пурсон шуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. 

Ба саволи намояндаи рўзномаи “Садои мардум” дар вилояти Суғд Мирзоаъзам Мақсудӣ оид ба дурнамои фаъолияти донишгоҳ қайд карда шуд, ки ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар давоми 85 соли мавҷудияти худ ба яке аз муассисаҳои калонтарини ҷумҳурӣ табдил ёфтааст. Имрўз дурнамои рушди минбаъдаи донишгоҳро мувофиқоӣ ба меъёрҳои рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олӣ – таҳкимбахшии заминаи моддӣ-техникӣ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси сатҳи байналмилалӣ, таъмин бо китобҳои дарсӣ бо забони тоҷикӣ, зиёд намудани сафи омўзгорони соҳибунвон ва ба ин монанд ташкил медиҳанд.

Фарҳод Ҷўраев намояндаи рўзномаи Суғд ҳақиқатӣ аз нақшаҳои ҳамкориҳои донишгоҳ бо донишгоҳҳои Узбекистон дар партави вусъатёбии ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон пурсон шуд. Иттилоъ дода шуд, ки донишгоҳ давоми нимсолаи аввали 2018 дар қатори 6 донишгоҳҳои хориҷӣ – Донишгоҳи давлатии фанҳои табии Россия, Донишгоҳи давлатии сохтмони Россия, Донишгоҳи давлатии Ганҷаи Озорбойҷон бо донишгоҳҳои давлатии Андиҷон, Фарғона, Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид. Ду устоди донишгоҳ А. Ҳасанов ва Т. Шокиров ба ҳайси аъзои шўрои дифои Донишгоҳи давлатии Самарқанд қабул карда шуданд.

Исҳокҷон Зокиров намояндаи рўзномаи Согдийская правда аз ташкил шудани ихтисосҳои нав дар донишгоҳ суол кард. Ректори донишгоҳ профессор Ҷ. Ҷўразода иброз намуд, ки бо дастгирии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ имсол дар донишгоҳ 14 ихтисосҳои нав таъсис дода шуданд.  Аз ҷумла, ба истиқболи Соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ихтисоси “Санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ-ҳунарҳои халқии бадеӣ” ташкил ёфт.

Вобаста ба суоли намояндаи телевизиони 7-ситора оиди бо кор таъмин кардани хатмкунандагон қайд гардид, ки дар ҷамъбасти соли хониши ҷорӣ зиёда аз 700 нафар хатмкунандагони ихтисосҳои педагогии тариқи буҷавӣ таҳсилкунанда ба ҷойҳои кор мувофиқи роҳхат фиристода шуданд.

Дар ҷамъбасти нишаст ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷўразода илова намуд, ки дастовардҳое, ки зикрашон дар боло рафт ин натиҷаи натанҳо заҳмати олимону устодони донишгоҳ, балки бевосита самараи дастгирӣ ва ғамхории пайвастаи роҳбарият ва масъулини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

 

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

 

Аз назар гузарониданд:565 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар