ба қафо
ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ РЎДАКӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ ШАРҚ
2017-10-04
Мавриди зикр аст, ки ҳар сол санаи 21–уми сентябрро дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон хамчун рўзи бузургдошти поягузори адабиёти классикии тоҷику форс маликушшуаро Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин санаи хотирмон дар тамоми донишгоҳу донишкадаҳо ва мадориси миёна ба хотири тарғибу ташвиқ ва эҳёи илмомўзиву донишазхудкунӣ дар зеҳн ва замири ҳар як нафари донишандўзу доништалаб ба роҳ монда шудааст.
Ҳамчунин бахшида ба ин рӯз дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва фаултетҳои он низ ин рўз қайд карда мешавад. Факултети забонҳои шарқ низ дар баробари дигар факултетҳои донишгоҳ ҳар сол ин рўзи эҳёи адабро бо иштироки устодону донишҷӯён дар сатҳи баланд ҷашн мегирад. Аз ҷумла, дар санаи мазкур чорабинии фарҳангӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар ин чорабинӣ декани факултет Ф. Н. Ғиёсова ва дигар устодону шогирдон иштирок ва суханрони намуданд. Чорабиниро декани факултет Ф. Ғиёсова ҳусни оғоз бахшида ҳамаи устодон ва донишҷўёнро дар ин чорабинии бошукўҳ барору комёбӣ таманно намуд. Дар рафти чорабинии фарҳангӣ донишҷӯён аз ашъори устод Рӯдакӣ шеърҳо қироат намуданд ва ҳамчунин чандин намоишҳо тариқи саҳна намоиш дода шуд. Дар баробари ин, ҳамчунин тавассути доскаи электронӣ филми мустанади “Бӯйи ҷуйи мӯлиён ояд ҳаме” аз ҳаёт ва фаъолияти устод Рӯдакӣ намоиш дода шуд. Қобили зикр аст, ки ба хотири дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинӣ, миёни донишҷӯён озмун низ гузаронида шуд, ки яке аз шартҳои озмун, ин ҳам қироати шеъру суруд аз ашъори устод Рӯдакӣ буд. Баъди ба интиҳо расидани озмун ва баҳогузории ҳакамон ҷойи аввал насиби донишҷӯи курси 1 Сайҳона Бадалова гардид, ки суруди “Бихандад лола бар саҳро”- и устод Рудакиро бо як маҳорати баланд ва бо овози фораму дилнишин суруда ғолиби озмун гардид.
Дар ниҳоят чорбинӣ бо супоридани тӯҳфаҳо ва ифтихорномаҳо барои ғолибону фаъолон ба интиҳо расид.
Маркази иттилоот ва таҳлил
Аз назар гузарониданд:743 нафар
баён кардани ахборот







