ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
МАРОСИМИ СУПОРИДАНИ ДИПЛОМҲОИ АЪЛО БА ХАТМКУНАНДАГОН
2018-08-23

Имрўз дар толори калони Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маросими супоридани дипломҳои аъло ба хатмкунандагони соли таҳсили 2017-2018 баргузор гардид.

Дар аввал ректори донишгоҳ профессор Ҷўразода Ҷамшед Ҳабибулло ба сухан баромада, изҳор дошт, ки ман имрўз аз он ифтихор дорам, ки дар толор донишҷўёне қарор доранд, ки аз байни беш аз 4600 нафар хатмкунандагони донишгоҳ ба гирифтани дипломи сурх шарафёб гардидаанд.

Ин аст, ки соли таҳсили 2017-2018 донишгоҳро 4635 нафар донишҷўён аз рўи 66 ихтисосҳои мухталиф хатм намуданд, ки нисбат ба соли таҳсили 2016-2017 ба миқдори беш аз 500 нафар зиёд мебошанд (соли таҳсили 2016-2017: 4068 нафар донишгоҳро хатм намуданд).

Соли 2018 теъдоди умумии баҳои “аъло” 109 адад аст (106 рўзона ва 3 ғоибона). Яъне аз ин миқдор 66 нафар дипломи аълои дараҷаи бакалавр, 21 нафар дараҷаи мутахассис ва 22 нафар  дараҷаи магистрро ташкил медиҳанд, ки ин нишондиҳандаи хуб аст.

Айни замон аз шумораи умумии хатмкунандагон 740 нафар гурўҳи буҷавии ихтисосҳои омўзгориро дар шакли таҳсили рўзона (571 нафар тибқи гурўҳи буҷавӣ ва 169 нафар тибқи Квотаи Президентӣ) ба итмом расониданд.

Ҳамчунин соли равон 22 нафар донишҷўёни тибқи Квотаи Президентӣ таҳсилкунанда ба дипломи аъло мушарраф гардида, ба ҷойи кор фиристода шудаанд.

Тибқи Низомномаи ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон бо намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят тақсимот гузаронида шудааст, ки дар натиҷа, мувофиқи санаи 20-уми августи соли равон 604 нафар хатмкунандагон тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи корӣ фиристода шудаанд.

Ректори донишгоҳ професссор Ҷўразода Ҷ.Ҳ. аз ҷумла таъкид сохт, ки соли таҳсили 2016-2017 18 нафар хатмкунандагони ихтисосҳои омўзгорӣ бо сабаби ба ҷойи кор ҳозир нашудан ба суди шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд пешниҳод карда шуданд, ки 6 нафари онҳо пурра маблағи таҳсилро пардохт намуданд. Аз ин лиҳоз аз хатмкунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки тибқи роҳхат ба ҷойи кор ҳозир шуда, давоми се сол фаъолияти меҳнатиро бефосила дар муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монанд.

Инчунин дар робита ба гуфтаҳои болоӣ мулоҳизаҳои хешро доир ба корҳои минбаъдаи фаъолияти хатмкунандагон баён намуда, изҳор дошт, ки  минбаъд бо мақсади муттаҳид сохтани хатмкунандагони донишгоҳ Ҷамъият ё Ассотсиатсияи хатмкунандагон дар назди донишгоҳ таъсис дода мешавад.

Ҳамчунин тақдими нахустин диплом аз ҷониби яке аз олимони варзида, собиқадор ва куҳансолтарини донишгоҳ ба хатмкунандагон супорида мешавад, ки ин иқдом минбаъд низ ҳукми анъанаро хоҳад гирифт. Зеро собиқадорони мо роҳнамои кору фаъолият ва чароғи равшан ба сўи фардои зиндагии дурахшон мебошанд.

Дар натиҷа, аввалин дипломи аъло аз ҷониби собиқадор ва куҳансолонтарини донишгоҳ, профессор Саидов Ҳайдар Раҳматович супорида шуд. Сипас аз ҷониби ректори донишгоҳ ва профессорону собиқадорони ин муассасаи таълимӣ дипломҳои аъло ба хатмкунандагон дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Пас аз маросими супоридани дипломҳои аъло профессор Шавкат Шаропов ва волидайни хатмкунанда Охунова Муҳаббат ба сухан баромада, ҷавононро даъват намуданд, ки дониши андўхтаи хешро барои рушди босуботи кишвар ва ободониву созандагии он сарф намоянд. Изҳори умед карданд, ки дар оянда ҳар кадоми хатмкунандагон дониши андўхтаи хешро барои пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар, махсусан, рушди соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон саҳми боризи худро мегузоранд.

Дар фарҷом хатмкунандаи факултети забонҳои хориҷӣ Афзалшоҳ Нуруллоев ба устодон аз номи кулли хатмкунандагон изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуд.

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:561 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар