ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ҲАҚҚИ УСТОД АЗ ПАДАР БЕШ АСТ
2017-10-05

Дар хобгоҳи №2-и  ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров чорабинӣ таҳти унвони  “Муаллим мащзани фазлу зиё” баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ сармутхассиси шӯъбаи тарбия М.Ӯлмасов, раиси занони    умумидонишгоҳӣ З.Раҷабова, чонишини декани факултети математика  А. Миршоев,  декани факултети математика Қ. Бобохонов ва раиси занон ва духтарони факултети филологияи тоҷик У. Абдурашидова ширкат варзиданд. 
Маҳфил бо тарҳи идона ва шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Донишҷӯдухтарон дар баромади худ дар васфи муаллим порчаҳои шеърӣ қироат намуда, табъи ҳозиринро хуш намуданд. Инчунин дар иҷрои гулдухтарони соҳибистеъдод суруду тарона ва рақсу саҳнаҳои ҷолиб ба маърази тамошо гузошта шуд. 
Шоистаи таъкид аст, ки навохтани дутор аз ҷониби донишҷӯ-духтари факултети санъат Гулноза Маъмурова хеле хубу хотирмон буд. 
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар маҳфили мазкур бахши “Таоми донишҷӯӣ” аз ҷониби чор ошёна пешниҳод гардид ва ба ҳунару маҳо-рат ва дастпухти духтарон аз ҷониби ҳакамон баҳои баланд дода шуд.
Дар охир сармутхассиси шӯъбаи тарбия М. Ӯлмасов ва раиси занони умумидонишгоҳӣ З.Раҷабова ба маҳфили барпогардида баҳои баланд дода, аз ташкилкунандагони чунин маҳфили адабӣ-фарҳангӣ арзи сипос намуд. 
 
Маркази иттилоот ва таҳлил
 
Аз назар гузарониданд:500 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар