ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
БАДГӮИИ СИЁСӢ ВА ТАСВИРИ МУҒРИЗОНА
2018-08-31

Бадгӯии сиёсӣ ва тасвири муғризона

 

Ҷомеаи имрӯза бо роҳи рушди босуръати назаррас пеш рафта, мардуми сарбаланди тоҷик шоҳиди даҳҳо ҳодисоту воқеоти дорои аҳамияти ҷаҳониву миллӣ гардидаанд, ки ба ҷаҳонбинию назари сиёсӣ ва иҷтимоии ҳар фарди худогоҳ таъсири босазо гузоштааст. Дар натиҷа, диди аҳли ҷомеа низ пайваста рушд карда, худогоҳии миллӣ боло гирифта, чунин раванди дигаршавии мақсаднок, бомаром ва доимию пайваста бо арҷгузорӣ ба манофеи миллӣ ва фардӣ инкишоф ёфтааст. Маҳз омодагию тадбирҳои босуботу доимӣ ва бардавом дар ҷодаи тарбияи мафкураи инсони ҷомеаи навин тавонистааст, натиҷаи дилхоҳ ба бор оварад ва мардумро ба сӯи ояндаи дурахшон ҳидоят намояд.

Тарғибу ташвиқ тавассути воситаҳои ахбори омма ва корҳои фаҳмондадиҳии давлату ҳукумат мафкураи ҷомеаро ба самти ояндасоз равона кард. Мардум ба умури бунёдкоронаи давлату миллат боварии бештаре пайдо намуданд. Ҳамзамон, мавриди қайд аст, ки чунин натиҷа боиси оромию хотирҷамъии ҷомеа гардид. Вале, дар ин миён сомонаҳои хабарие ба монанди «Payom.net» рӯи кор омаданд, ки ба манфиатҳои миллати тоҷик бо чашми кам менигаранд ва онро ба ғаразу буҳтон омезиш додан мехоҳанд.

Торномаи мазкур маводеро таҳти унвони «Изҳороти Кумитаи наҷоти маҳбусони сиёсӣ роҷеъ ба мавҷи нави шиканҷа»-ро аз будаш бештар ва муғризона интишор менамояд. Сомонаи «Payom.net» умуман ба ҳар масъала назари нек надорад  ва ба он аз паси панҷа менигарад ва иттилоотро бо хусумат истифода мебарад. Нисбат ба ин қазия бо боварии том метавон гуфт, ки ҳамаи ин сару садоҳо беасоc ва бепоя аст. Аммо ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ аслан фирориёнро гирди худ ҷамъ оварда, аз гурезагони тахрибкор Кумитаи наҷоти маҳбусони сиёсӣ таъсис додаст, ки бо тундгароиву ифротгароӣ ҳамақида буданаш ошкор мегардад.

Ҳарчанд аъзоёни ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ дар ҳаққи давлату миллати тоҷик ва давлатмардони он бадгӯӣ мекунанд, вале дар баробари он, пайравони худи ҳизби мазкур дар мамолики аҷнабӣ барои зиндагии роҳату безаҳмат имконият пайдо намуда, сомонаҳои интернетӣ таъсис дода, бахту саодати мардуми заҳматкаши тоҷикро мавриди танқид қарор медиҳанд.

Изҳороти Кумитаи наҷоти маҳбусони сиёсӣ аз ҷумлаи маводи дур аз ҳақиқат мебошад, ки бемантиқона вазъияти сиёсӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистонро бо хости худ баррасӣ менамояд. Дар ҳоле, ки он дар дохили кишвар фаъолият намекунад, чӣ гуна метавонад дар хориҷ ва зери ақидаҳои хоҷагонаш вазъияти дохилиро баррасӣ намояд.

Дар воқеъ, аъзоён ва роҳбарияти ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ воситаҳои иттилоотиро ҳамчун дастгоҳи шарҳи ақидаҳои ботили худ истифода мебаранд ва сару садоҳои баҳсноки доираҳои мухталифи ҷомеа ва нафарони манфиатхоҳро ба вуҷуд оварданӣ мешаванд ва барои расидан ба ҳадафҳои нопокашон ба созмону ташкилотҳои байналхалқӣ муроҷиат мекунанд. Бо ҳамин мақсад, баёнияҳои бемантиқро нашр месозанд.

Изҳороти ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ идомаи мантиқии зид будан ба сохти имрӯзаи давлатдории миллии тоҷикон аст. Пай бурдан мумкин аст, ки он хонандаро сад дарсад ба иштибоҳ мекашад ва барои заминаи боварибахши сулҳ ва ризояти миллиро суст кардан пешниҳод шудааст. Дар баёнияи Кумитаи наҷоти маҳбусони сиёсӣ ба созмону ташкилоти хориҷӣ то ба дараҷаи ифрот сухан меравад, ки наметавонад ба ҳаёти имрӯзаи мо созгор бошад.

Далер Қосимов

 

Аз назар гузарониданд:480 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар