ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ПАЁМИ ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ МДТ «ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД БА НОМИ АКАДЕМИК Б. ҒАФУРОВ» ПРОФЕССОР ҶАМШЕД ҶӮРАЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ДОНИШ ВА 27 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
2018-09-03

Устодон ва донишҷўёни азиз!

 Пеш аз ҳама, кулли омўзгорону устодон, аҳли илму маориф ва тамоми донишҷўёнро ба муносибати Рўзи дониш, оғози соли нави хониши 2018-2019  ва 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, бароятон хонаи обод, иқболи нек, комгорӣ, муваффақиятҳои пайваста, барору комёбиҳо, фатҳи қуллаҳои баландтарини илму маърифат  ва ба Ватани маҳбубамон-Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу оромии ҷовидониро таманно менамоям. Ҳамасола ҷашн гирифтани Рўзи дониш дар қаламрави мамлакатамон далели эҳтироми баланди давлату Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба соҳаи маорифу илм мебошад. Дар оғози соли таҳсил ҳамчун анъана Рўзи донишро бо Дарси сулҳ оғоз ме- кунем, зеро ин ду вожа, яъне дониш ва сулҳ мафҳумҳоеанд, ки бо ҳамдигар пайванди ногусастанӣ доранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон ҳамеша қайд менамоянд, ки барои давлат ва ҷомеаи навини мо яке аз мақсадҳои муҳимтарин фароҳам овардани шароити корӣ дар роҳи ба таълиму тарбия ҷалб намудани насли наврас ва дар қалбу шуури ҳар яки онҳо бедор кардани шавқу рағбати илму донишандўзӣ, боло бурдани эҳсоси гарми хештаншиносиву ватандўстӣ, меҳанпарастӣ, худшиносӣ ва ҳамчун яке аз шахсони сазовори оянда ба камол расонидани онҳо ме- бошад. Дар ин росто Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” яке аз аввалин донишгоҳи бонуфузест, ки давоми беш аз ҳаштоду шаш соли фаъолияти пурмаҳсул меъморони маърифату маънавият- омўзгоронро ба камол мерасонад. Таърихи тўлонии донишгоҳ собит месозад, ки хатмкунандагони ин махзани илму маърифат дар ҳамаи сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ, таълимӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар хизмат намуда, ба мансаб ва унвонҳои баланди давлатию илмӣ расидаанду имрўз ифтихори давлату миллат ва ҷомеаи муосири мо гардидаанд. Устодони арҷманд! Тавре Шумо огаҳӣ доред, бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ,  кормандони  муассисаю ташкилотҳои  буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия аз 1-уми сентябри соли равон маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва кормандони дигар муассисаю ташкилотҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 15 фоиз зиёд гардид, ки ин амр баёнгари ғамхориҳои рўзафзуни Пешвои муаззами миллат нисбат ба аҳли илму маориф маҳсуб ёфта, имкон медиҳад, ки устодону олимон ва омўзгорон бо дилгармии бештар ба тарбияи насли наврас ва омода намудани мутахассисони ҷавобгў ба талаботи ҷомеаи муосир машғул гарданд. Хурсандиовар аст, ки ҳоло мо дар тадбиру омодагиҳо ба истиқболи сазовори 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Вобаста ба ин устодон ва донишҷўёни  МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар дав- раи сипаришудаи соли 2018 маҳфилҳову семинарҳо ва чорабиниву вохўриҳоро бо собиқадорон ва меҳмонон ташкил намуданд ва  ин тадбир минбаъд низ идома  хоҳад ёфт. Мусаллам аст, ки дар ҳама давру замон шукуҳи хирад ва илму маърифат боис шудаанд, ки ҷомеа рў ба рушд оварда, ганҷинаҳои ақлии башарият барои пешрафтҳои назаррас шароити мусоид фароҳам оваранд. Аз ин рў, роҳбарият ва ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ чун ҳамасола на танҳо ба таълиму тарбия ва рушди илм, балки ба сифати таҳсилот ва таъминоти хатмкардагон бо ҷойи корӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ин аст, ки соли таҳсили 2017-2018 донишгоҳро 4635 донишҷў аз рўи 66 ихтисос хатм намуданд, ки нисбат ба соли таҳсили 2016-2017 беш аз 500 нафар зиёданд. Ҳамчунин, тибқи нақшаи қабули донишҷўён ба курсҳои аввал тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ихтисосҳои донишгоҳ дар шуъбаҳои рўзона ва ғоибона соли таҳсили 2018-2019 2864 довталаб дохил гардиданд. Нақшаи қабул 2961 нафар, баробар ба 96,7% мебошад. Натиҷаи мазкур донишгоҳро аз рўи қабули донишҷўён дар зинаи сеюм қарор дод, ки ин боиси хушнудии устодон ва донишҷўёни донишгоҳ гардид. Давраи такрории бақайдгирӣ низ ба пуррагӣ иҷро шуд. Бори дигар ҳамаи устодон ва донишҷўёни азизро бо фарорасии Рўзи дониш ва 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрўзҳо дар саросари кишвар бо шукўҳи хоса таҷлил мегардад, самимона таҳният гуфта, бароятон саодати рўзгор, комгорӣ ва тавфиқи пайвастаро таманно дорам. Рўзи дониш ва ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатӣ   муборак бошад, устодон ва донишҷўёни азиз!

Маркази иттилоот ва таҳлил

Аз назар гузарониданд:558 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар