ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ БО ИШТИРОКИ НАЗИРА ҒАФФОРӢ ДАР МДТ «ДДХ БА НОМИ АКАДЕМИК Б. ҒАФУРОВ»
2018-09-03

Санаи 1-уми сентябри соли равон муовини Раиси вилояти Суғд, муҳтарама Назира Ғаффорӣ ва муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза  Ғиёсова бахшида ба Рӯзи дониш ба донишгоҳ ташриф оварданд. Ректори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯразода ва дигар устодону донишҷӯёни ин боргоҳ меҳмононро дар бинои таълимии №2 истикбол гирифтанд.

Нахуст ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода ба сухан баромада, меҳмононро ба ин даргоҳи илму маърифат хушомадед гуфт. Инчунин, номбурда доир ба Дарси сулҳ ва Рӯзи дониш сухан карда, оид ба дастгирӣ ва пуштибонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самти маориф ибрози назар намуд. Профессор Ҷамшед Ҷӯразода қайд намуд, ки донишгоҳ барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва сафарбар намудани онҳо ба соҳаи мухталифи кишвар пайваста талош менамояд.

Сипас, муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ паёми табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ҷомеаи устодон ва донишҷӯёни ин макони илму дониш кироат намуда, инчунин кайд кард, ки дар фаъолияти пурсамари кадрҳои баландихтисос дар сатҳи ҷумҳурӣ маҳз кӯшишу талоши устодони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хело назаррас аст. Дар охир тамоми устодон ва донишҷӯёни донишгоҳро бахшида ба Рӯзи дониш табрику муборакбод гуфта, ба онҳо дар роҳи омӯзиши илму маърифат комёбиҳои беназирро таманно намуд.

Пас аз он муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода табрикоти Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба самъи ҳозирин расонид. Номбурда баён дошт, ки соҳаи маориф яке аз соҳаҳои афзалиятноки кишвар ба ҳисоб меравад ва маҳз зери сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯз аз рӯз ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст. Ӯ аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода устодон ва донишҷӯёни донишгоҳро бо фарорасии Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил таҳният гуфт.

Раиси Шӯрои занони собикадори донишгоҳ Зулфия Раҷабова низ аз номи худ ва дигар ҳамкорон аҳли нишастро бо Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ табрик намуд.

Сипас, устодон ва донишҷуёни донишгоҳ бо хушнудӣ ва шукргузорӣ аз соҳибистиклолии мамлакат бо иштироки меҳмонони оликадр суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва кормандони соҳаи тандурустӣ  ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил тариқи оинаи нилгун тамошо намуданд.

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

Аз назар гузарониданд:669 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар