ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
САРҲАДИ ТОҶИК ЗАБОНИ ТОҶИК АСТ!
2017-10-05

Дар факултети  педагогӣ  бахшида ба Рўзи  забон  маҳфили илмӣ  - адабӣ  таҳти унвони  «Сарҳади  тоҷик  забони тоҷик аст»  баргузор гардид.  
Дар маҳфил  меҳмонони олиқадр  аз қабили  олими шинохтаи тоҷик, профессор, доктори илмҳои  филологӣ – Абдуҷамол   Ҳасанов  шоираи  ширинбаён Гулноз,  муовини ректор оид ба илм, профессор Хайрулло Сабуров, сармутахассиси  шўъбаи тарбия Маҳмудҷон Ўлмасов  иштирок ва суханронӣ  намуданд.
Маҳфилро декани факултет дотсент С. Рабиев ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро хайрамақдам  ва сухани аввалро ба профессор А. Ҳасанов супорид.  Ҳасанов  Абдуҷамол  ба донишҷўён  оид ба мавзўи  «Забони  тавонои  ҷаҳон»  маълумоти  муфассалу пурарзише  пешниҳод намуда, оид ба таърих, таъсир ва аҳамияти забони тоҷикӣ  ҳарф заданд.
Сипас, риштаи сухан ба шоираи ширинкалому нозукбаён  Гулноз  дода шуд, ки мавсуф  дар  сухани худ оид ба латофату фасоҳату ширинии забони ноби тоҷикӣ  маълумот дода, шеърҳои тозаэҷодашро  қироат намуданд.
Гурўҳи донишҷўён   Нематова  Муҳиба (гр.204), Ғоибова  Фараҳноз  (гр.204),  Ҳоҷибоева  Парвина  (гр.102), Насиба Исмоилова (302),  Зоидова Афзуна (302), Нилуфар Отаева  (101), Фариза Азимова  (гр.208) дар  васфу  ситоиш  ва гиромидошти  забони тоҷикӣ   шеъру гуфторҳо қироат намуданд.  Маҳфили  илмӣ – адабӣ, ки   бо заҳмату меҳнати  устодон М. Каримова, Д. Раҳмонова, Р. Ризоева,  М. Тоҳирова, М. Азимова, Н. Собирова ва дигарон  ташкил  ва  гузаронида шуд, хеле дар сатҳи баланд ҷараён гирифта, барои  ғанӣ гардидани  маънавиёти донишҷўён  мусоидат  намуд, ба қавле:  «Як дарси хуб  мазмуни  як асарро  дорад».
Маҳфилро  декани факултет С. М. Рабиев  ҳусни  анҷом бахшида, барои ташрифу  суханрониҳои пурмўҳтаво ба   меҳмонон арзи сипосу миннатдории донишҷўёну устодони факултет  изҳор  доштанд.
 
 
Маркази иттилоот ва таҳлил
 
 
Аз назар гузарониданд:589 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар