ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ИСТИҚЛОЛИЯТИ МИЛЛӢ ВА ЗАМИНАҲОИ РУШДИ ТОҶИКИСТОНИ НАВИН
2018-09-07

Имрӯз дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров конференсияи илмӣ-амалии умумидонишгоҳӣ таҳти унвони “Истиқлолияти миллӣ ва рушди Тоҷикистони навин” бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 

Дар кори конфронс намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ғафуров Мирзоғуфрон- сармутахасиси шуъбаи рушди иҷтимои ва робита кор бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят, Ишонова Фирӯза- мутахссиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робитаҳои ҷамъиятии дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд ва устодону донишҷўёни донишгоҳ иштирок намуданд.

Конфронси мазкурро ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода ҳусни оғоз  бахшида, қайд намуд, ки “Тавре мо огаҳӣ дорем, дар як фурсати кўтоҳ истиқлолият дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллиеро ба вуҷуд овард. Он оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ гардид. Ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора намуда, бо таъкид аз дигаргуниҳои сиёсиву иқтисодӣ чунин иброз намуданд: «Ҳамаи корҳои азими созандагиро, ки то имрўз дар кишвари маҳбубамон амалӣ намудем, ба номи мубораку муқаддаси истиқлолият анҷом додем. Зеро истиқлолият барои мо рамзи пойдории давлат, ҳастии миллат ва шарафу эътибори Тоҷикистони азизамон мебошад”. 

Нахуст сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита кор бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят Ғафуров Мирзоғуфрон табрикоти   Раиси вилояти Суғд, Муовини аввали Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ҳозирин расонид. Ҳамчунин Ишонова Фирӯза- мутахссиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робитаҳои ҷамъиятии дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд аз номи раиси шаҳри Хуҷанд муҳтарам Маъруф Муҳаммадзода аҳли ҷомеаи донишгоҳро табрик намуд.

Сипас, устодони донишгоҳ Нуралӣ Нуров бо маърўзаи  “Пешвои миллат ва истиқлоли фарҳанги тоҷикон”, номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи таърихи Ватан ва археология, дотсент Ҷӯрабек Исоматдинов дар мавзӯи “Истиқлолият ва рушди маорифи кишвар” ва мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ, дотсент  Киромиддин Мухторов дар мавзӯи “Истиқлолияти давлатии Ҷмҳурии Тоҷикистон: арзиш ва моҳияти сиёсиву ҳуқуқии он” баромад намуда, баробари ёдовар шудан аз дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ ҳамчунин ҷиҳати таҳкимбахшии аркони давлатдории миллӣ ва таъмини истиқлолияти комили Тоҷикистон ақидаҳои созанда баён доштанд.

Дар охир як зумра устодони донишгоҳ бо сипосномаю тӯҳфаҳои хотиравӣ  мукофонида шуданд.

 

Маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:505 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар