Бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор устодони донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо Ҷоиза ва сипосномаи Раиси вилояти Суғд қадрдони шуданд.
Санаи 4-уми сентябри соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва фаъолони соҳаҳои мухталифи ҷомеа , собиқадорон ва намояндагони касбу кори гуногун маросими супоридани Ифтихорнома ва Ҷоизаҳои вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Дар расми супоридани Ҷоизаҳо се нафар устодони донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои хизматҳои назаррас дар таҳкими сулҳу субот ва хизматҳои шоиста дар таълиму тарбияи насли наврас аз ҷониби Раиси вилоят қадрдонӣ шуданд.
Профессори донишгоҳ Набиев Ваҳҳоб Машрапович барои таҳкими Ваҳдати миллӣ, комёбиҳои назаррас дар соҳаи илм ва таълифи китоби “Ваҳдат мароми олии миллат” бо Ҷоизаи вилоятии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар соҳаи илм бо диплом, нишон ва мукофотпулӣ қадршиносӣ гардид. Ҳамчунин устоди дигари ин донишгоҳ Малоҳат Бобоҷонова барои хизматҳои шоиста ва дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ дар рушди соҳаи маорифу илм, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сазовор гардид. Дар ин замина корманди дигари донишгоҳ номзади илмҳои фалсафа, дотсент Фаридун Ҳодибоев барои хидмати шоиста дар тарбия ва пешрафти маънавии ҷавонон ва барои таҳияи рисолаи “Хонавода ва мушкилоти оиладорӣ” бо сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сарфароз гардонида шуд.
Гуфта мешавад ҳамзамон дар ин вохурӣ ба кормандони идораву сохторҳои гуногуни вилоятӣ, аз ҷумла кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии вилоят, намояндагони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва намояндагони расонаҳои хабарӣ Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супорида шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил