ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.

ба қафо
САФАРИ ДОНИШҶЎЁНИ ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ БА ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН
2018-09-12

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон  Ғафуров бо Хадамоти мубодилаи академиии Олмон ҳамкории судмандро ба роҳ монда, якҷоя чорабиниҳои илмию фарҳангиро барои донишҷўён ва омўзгорон ташкил менамояд ва донишҷўёни мо ҳамеша фаъол дар ин чорабиниҳо иштирок намуда, ҷоизаҳои баландро ба даст меоранд.

Моҳи ноябри соли 2017 донишҷӯёни факултети забонҳои хориҷии донишгоҳ дар озмуни супоридани  тест бо забони олмонӣ иштирок намуда,  ду донишҷӯи факултети номбурда-  Каримова Фарангис  донишҷӯи курси 2-юм ва Ахмедов Қобилҷон донишҷӯёи курси 3-юм баҳои баландро гирифта,  рохҳат барои  омӯхтани забони олмонӣ дар мактаби тобистонаи забонҳои Донишгоҳи илмҳои табии шаҳри Аахени Ҷумҳурии Федеративии Олмонро ба даст оварданд. Дар охири моҳи июли соли ҷорӣ  донишҷўён ба Ҷумҳурии  Федеративии Олмон сафар намуда, таълими худро оғоз намуданд. 

Донишҷўён аз тарафи донишгоҳ бо  хобгоҳ ва бо  ҳама шароитҳои зарурӣ барои таълим таъмин карда шудаанд. Инчунин дар давоми машғулият барои донишҷўён машғулиятҳои интерактивӣ, шоми байналмилалӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ ташкил шудааст, ки дар он донишҷўён имконияти шинос шуданд бо фарҳанги ҳамдигар бархурдор гаштанд.          

Дар охирин ҳафтаи  таълим ба донишҷўён аз тарафи омўзгорони донишгоҳ сайру гашт ба се давлати ҳамсоя, яъне Белгия, Голландия ва Фаронса муяссар гаштанд. Дар давоми сайру гашт донишҷўён ба давлатҳои  Бруссел, Амстердам ва Париж ташриф оварда, инчунин китъае, ки дар он се сарҳади давлат (Белгия, Олмон ва Голландия) ҷойгир шудааст ва бо забони олмонӣ Dreiländerecke  номида мешавад, ташриф оварданд.

Дар охири курсҳои омўзиши забон, донишҷўён соҳиби   сертификатҳои байналмилалӣ гардиданд.

Донишҷўёни факултети забонҳои хориҷӣ дар ин сафар ҷаҳонбинии худро васеъ намуда,  аз он  бо таассуротҳои хуб ба Ватан баргаштанд.

Файзиева Заррина,

сарнозири шуъбаи муносибатҳои байналхалқӣ

Аз назар гузарониданд:645 нафар

баён кардани ахборот

Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар