ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
УМРИ МИЛЛАТ БА УМРИ ЗАБОН ВОБАСТА АСТ
2017-10-06

Тибқи нақшачорабиниҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба Рӯзи забони тоҷикӣ дар факултетҳои донишгоҳ маҳфилу чорабиниҳо ва конфронси илмӣ-амалӣ гузаронида шудаистодааст, ки дар он устодону донишҷӯён фаъолона  иштирок менамоянд. 
Ҳафтаи сипаригардида, дар факултетҳои физикаю техника, математика, таърих ва ҳуқуқ, инчунин хобгоҳи раками №2-и донишгоҳ бахшида ба Иди забон чорабинии адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Умри миллат ба умри забон вобаста аст” бо ташаббуси омӯзгорони кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ Д. Бобоҷонова ва З. Ҳомидова гузаронида шуд. Дар чорабинӣ забоншиносон - Раиси Комиссияи донишгоҳ оид ба татбиқи Қонуни забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Абдусаттор Абдуқодиров, доктори илмҳои филология, профессор Толиб Ваҳҳобов, адиби ҷавон Абдуманнони Ҳаммор ва омӯзгорони кафедра иштирок доштанд. 
Дар факултети физика ва техника бахшида ба иди забон чорабинии идона баргузор гардид. Бо садо додани гимни донишгоҳ аз тарафи донишҷӯёни фаъоли факултет чорабинӣ оғоз гардид.   
Сипас, забоншиносон перомуни мақом ва бузургдошти забони давлатӣ баромад намуданд, ки аз маърӯзаи эшон аҳли нишаст як ҷаҳон маънӣ бардоштанд. Аз ҷумла, адиби ҷавон Абдуманнони Хаммор доир ба қадру манзалати забони тоҷикӣ сухан ронда, аз ашъори тозаэҷоди худ баҳри донишҷӯён дар васфи забону Тоҷикистон шеърҳо қироат намуд.
Баъд аз тарафи донишҷӯёни соли якуми факултет оид ба мавзӯи забон аз ашъори бузургон шеърҳою гуфторҳо қироат намуданд. Инчунин бахри болидахотирии иштирокдорон саҳнаи тарбияваӣ намоиш дода шуд, ки он ифодакунандаи фарҳанги волои моро нишон медод. Замзамаи суруду таронаҳои дилангез бо рақсҳои мавзуни донишҷӯён ба чорабинӣ ҳусни дигаррро зам кард. 
Дар интиҳои чорабинӣ меҳмонон ва донишҷӯён аз тарафи роҳбарияти факултет бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд. 
 
 
Маркази иттилоот ва таҳлил
 
Аз назар гузарониданд:526 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар