Нишасти 165-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ ва истиқболи Рӯзи забони тоҷикӣ, ҳамчунин фаъолияти илмӣ ва омӯзгории доктори илмҳои филологӣ, профессор Матлубаи Мирзоюнус имрӯз дар толори калони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид. Маҳфилро роҳбари он номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи адабиёти классикӣ Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшид. Ӯ ҳозиринро бо Рӯзи Рӯдакӣ муборакбод намуда, нақшаи кории маҳфилро эълон дошт.
Аз рӯи нақша муовини ректори донишгоҳ оид ба илм ва иноватсия Сабуров Хайрулло дар мавзӯи “Устод Рӯдакӣ ва шӯҳрати ҷаҳонии забони тоҷикӣ” суханронӣ кард. Ӯ гуфт, ки дар арафаи иди адабиёту илм руҷӯъ намудан ба осори илмиву адабӣ ва педагогии доктори илмҳои филологӣ, профессор Матлубаи Мирзоюнус басо рамзӣ буда, арҷ гузоштан ба хидматҳои чандинсолаи олима вазифаи ҷонии мост.
Сипас дар бахши “Навгониҳои илмиву адабӣ” Сорбон Азизов – номзади илмҳои филология, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бештар аз 20 номгӯ китобҳои тозанашрро муаррифӣ кард. Аз ҷумла силсилаи китобҳои нав аз ҷониби муассисаи давлатии “Камоли Хуҷандӣ” ба табъ расидааст, ки натиҷаи заҳмати олимони ҷавони ин муассиса мебошад.
Таҳти мавзӯи “Самтҳои асосии фаъолияти илмии профессор Матлубаи Мирзоюнус маърӯзаи илмии Шарифҷон Тоҷибоев, номзади илмҳои филология, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шунида шуд. Мавсуф дар мавриди фаъолияти илмӣ, мавзӯву мӯҳтавои осор, самтҳои асосии фаъолият, сабку услуби нигориши Матлубаи Мирзоюнус ибрози назар намуд.
Адабиётшинос ва шоири соҳибназар Нуралӣ Нурзод бошад дар мавзӯи “ Бонувони суханвар дар оинаи пажӯҳиши Матлубаи Мирзоюнус” оид ба як бахши бузурги тадқиоти донишманд сухан кард. Силсилаи “Хубони порсигӯ”ро аз беҳтарин тадқиқот дар шинохти ҳаёт ва фаъолияти бонувони суханвари қаламрави фосизабонон муҳсуб донист. Муҳаққиқони номвар адабиётшинос Замира Ғаффорова, забоншинос Абдусаттор Абдуқодиров, донишманди маъруф Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода дар бораи дастовардҳои илмиву адабӣ ва шахсияти нотакрори мавсуф изҳори назар намуданд.
Шеърхонии донишҷӯён аз осори адибони классикӣ ва муосир таҳти унвони “Аз Рӯдакӣ то Фарзона” ва суруду оҳангҳои дилнавози ансамбли “Навои ҷавонӣ”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба маҳфил файзи дигар ато кард. Барои онҳое, ки маърӯза намуданд тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил