Санаи 18-уми сентябри соли ҷорӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар ва бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии донишҷӯдухтарони дар хобгоҳ иқоматкунанда, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ободкориву созандагӣ, ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии амалҳои номатлуб дар байни ҷавонон мулоқоти мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Эҳсон Наврӯзов бо донишҷӯёни иқоматкунандаи хобгоҳи №1, ки тибқи Квотаи Президентӣ таҳсил менамоянд, гузаронида шуд.
Нахуст Эҳсон Наврӯзов оид ба дастгирии давлатии ҷавонон ибрози назар намуда, қайд кард, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвари маҳбуб бо ибтикор ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи дастгирии давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.
Дар идомаи вохӯрӣ донишҷӯдухтарон бо тартиботи дохилии донишгоҳ ва қоидаҳои будубош дар хобгоҳ шинос карда шуданд. Зикр гардид, ки ҳар як донишҷӯ бояд дар талаби илм бикӯшад ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол бошад, то мавқеи худро дар ҷомеа пайдо кунад. Ба намуди зоҳирии худ диққати ҳамаҷониба дода, аз пӯшидани либосҳои ба миллати мо хос набуда, худдорӣ кардан аз ҷумлаи рукнҳои эҳтиром нисбат ба арзишҳои миллӣ арзёбӣ гардид. Инчунин донишҷӯдухтарон оид ба омӯхтани ҳунарҳои мардумӣ ва маҳорати пухтупази хӯрокҳои миллӣ тавсияҳои муфид дода шуданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷавондухтарони донишҷӯ саволу пешниҳодҳои худро пешкаш сохта, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил