ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ИЛМӢ-АДАБӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ РӮДАКӢ” ДАР ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ ШАРҚ
2018-09-18

Санаи 17 сентябри соли равон  дар толори факултети забонҳои шарқ бахшида ба “Рӯзи Рӯдакӣ” маҳфили илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Дар ин маҳфил сараввал аз тарафи донишҷӯёни факултет шеърҳо аз ашъори Рӯдакӣ суруда шуд.

  Сипас маъруза дар мавзӯи “Таҳқиқоти осори Рӯдакӣ ва шӯҳрати ҷаҳонии ӯ”  аз тарафи донишҷӯи бахши 4 гурӯҳи 401 факултет Назаров Т. гуфта шуд.

  Имсол дар Тоҷикистон “Соли 2018 соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидааст. Ба ин муносибат донишҷӯёни факултети забонҳои шарқ озмуни  намоиши либосҳои миллии  қадима, либосҳои миллиии рӯзмарра ва либосҳои миллии идонаро ба роҳ монданд.

Суруд аз ашъори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби донишҷӯён Сайҳона Бадалова ва Нозимҷон Зиёев хонда шуд, ки хеле муассир ва диққатҷалкунанда буд.

Маҳфил хеле хотирмон ва дар сатҳи баланд гузашт, ки инро дар охир меҳмони маҳфили мо

 намояндаи раёсати донишгоҳ, мутахассиси кор бо ҷавонон  Маҳмудов М.  қайд намуданд.

 Дар фарҷоми маҳфил мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик Шарипова М. озмуни намоиши либосҳои миллиро ҷамъбаст намуданд. Дар натиҷа ҷойи аввал барои намоиши либоси миллии қадима ба донишҷӯи бахши якум, гурӯҳи 106 Эшонова М. дода шуд.  Барои намоиши либоси расмии миллӣ ҷойи якум насиби донишҷӯи бахши аввал, гурӯҳи 107 Ниёзова С. гашт. Ҷойи аввал барои намоиши либосҳои идона  ба донишҷӯи бахши якум, гурӯҳи 102 Бобоҷонова  М. дода шуд.

Дар охир сухани интиҳоӣ ба декани факултети забонҳои шарқ Раҳимов И. дода шуд.

Хуллас, аз баргузории ин маҳфил донишҷӯёну устодони факултет шоду мамнун гашта, як ҷаҳон ғизои маънавӣ гирифтанд.

 Маркази иттилоот ва таҳлил

 

 

 

Аз назар гузарониданд:679 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар