ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ВЕБИНАРИ НАВБАТИИ ЛОИҲАИ ERASMUS + EXTEND
2018-09-19

Рўзи гузашта вебинари навбатии яке аз лоиҳаи ташкилоти байналмилалии Иттиҳоди Аврупо ERASMUS+ EXTEND– «Беҳтаргардонии таҳсилоти муҳандисӣ тавассути омода намудани омўзгорон ва методҳои нави падагогӣ дар Русия ва Тоҷикистон», ки дар Донишгоҳ шурўъ аз моҳи октябри соли 2017 татбиқ мегардад, баргузор гардид. Дар вебинари мазкур намояндагони донишгоҳҳои аъзои лоиҳа аз қабили чор донишгоҳҳои Иттиҳоди Аврупо: Донишгоҳи политехникии Бухарести Руминия, Донишгоҳи техникии Ригаи Латвия, Донишгоҳи Минҳои Португалия, Донишгоҳи Ворвики Англия, чор донишгоҳ аз Федератсияи Русия: Донишгоҳи давлатии техникии Москва ба номи Н. Э. Бауман, Маркази миллии тадқиқотии Донишгоҳи давлатии Мордовия ба номи Н.П. Огарева, Донишгоҳи давлатии техникии Магнитогорск ба номи  Г.И. Носова ва Донишгоҳи давлатии сохтмонии Москва ва чор донишгоҳҳои Тоҷикистон: Донишгоҳи далатии техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи А. Рўдакӣ ширкат варзиданд.

Дар вебинар чанд масаъалаҳои мубрами лоиҳа мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, ҷиҳати сафари навбатии аъзоёни лоиҳа ба семинари омўзишӣ, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров санаҳои 15-20-уми октябри соли ҷорӣ баргузор мегардад, истода гузаштанд. Қайд гардид, ки аз ҳар донишгоҳи аъзо 2 нафарӣ намояндагон дар ин вохўрӣ ширкат меварзанд ва дар давоми 5 рўзи корӣ, ки ду рўзи аввал ба масъалаи маъмурии лоиҳа ва 3 рўзи дигар ба ҷанбаҳои илмӣ- методӣ бахшида мешаванд, ширкат варзанд.

Гузашта аз ин,  масьалаи ташкили марказҳо ва таҷҳизотҳои харидоришаванда яке аз масъалаҳои асосии вебинари мазкур маҳсуб мегардид. Дар назар аст, ки дар доираи татбиқи лоиҳа дар 8 донишгоҳҳои ҳамкор марказҳои махсусгардонидашуда барои гузаронидани семинарҳо, вебинарҳо, курсҳои омўзишии фосилавӣ, интернет-конфронсҳо ва ғайра таьсис дода шуда, ин марказҳо ба таҷҳизотҳои муосир муҷаҳҳазонида шавад.  Илова ба ин, марказҳо бояд бо ҳам пайваст карда шуда, шабакаи ягонаи умимӣ байни 12 донишгоҳ ба роҳ монда шавад. Давомнокии лоиҳа 3 солро ташкил дода, маблағи умумии он 856.097,00 Евро мебошад, ки 180.000,00 Евро ё 21%-и он барои харидории таҷҳизотҳо барои марказҳо дар 8 донишгоҳҳои ҳамкор нигаронида шудааст.

Хотиррасон бояд намуд, ки лоиҳаи мазкур яке аз аввалин ташаббусҳост, ки аъзоёни лоиҳа дар як моҳ ду маротиба тариқи барномаи ZOOM – WEBINARS семинарҳо ташкил менамоянд.  

Дар маҷмуъ, метавон иброз намуд, ки аз оғози татбиқи барномаҳои Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи маорифи Тоҷикистон барномаи ТЕМПУС ва  ЭРАЗМУС+ наздик 40 лоиҳаҳо мавриди татбиқ ва баҳрабардорӣ қарор дода шуда, донишгоҳи мо ҳамчун ҳамкори беш аз 18 барномаҳо дар ҷумҳурӣ мақоми дуюмро соҳиб шудааст.   

 Ҷамшед ИСТАМҚУЛОВ

сарнозири шўъбаи робитаҳои байналмилалии

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Б. Ғафруов

 

 

Аз назар гузарониданд:517 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар