ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
РАВАНДИ ТАЪМИНИ ХАТМКАРДАГОНИ ДОНИШГОҲ БА КОР
2017-10-06

Мувофиқи эҳтиёҷоти кадрии шаҳру навоҳии вилоят ва ҷумҳурӣ ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамасола теъдоди зиёди кадрҳои омўзгориро омода намуда, бо ҷойи кор онҳоро таъмин менамояд. Донишҷўёне, ки донишгоҳро тариқи буҷавӣ  хатм  мекунанд, барои бо ҷои кор таъмин шуданашон донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳӣ  ҳамасола шароит мусоидат менамояд. Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ ва дигар ташкилоту  идораҳои эҳтиёxманд бо мутахассисони дахлдор, ҳамасола дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тақсимоти мутахассисони ҷавон», дар асоси «Низомномаи тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон» ва моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ихтисосҳои омўзгорӣ ва ғайриомўзгории шакли таҳсили буҷавӣ дар донишгоҳ комиссияи тақсимоти фардии хатмкунандагони зинаи «бакалавр» ва «мутахассис» роҳандозӣ шуда, фармоиши ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба тавсиб расида, тақсимоти пешакӣ ва ниҳоӣ дар ҳузури намояндагони ВМ ва ИҶТ, Раёсати маорифи вилоят ва шаҳру навоҳӣ гузаронида мешавад. Соли  таҳсили  2012-2013  572 нафар,  с/т 2013-2014 527 нафар, с/т 2014-2015 486  нафар, с/т 2015-2016 601 нафар ва с/т 2016-2017 684 нафар ихтисосҳои омўзгории донишгоҳро тариқи буҷавӣ хатм намуда, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру навоҳии вилоят ва ҷумҳурӣ фаъолият бурда истодаанд.
Маркази иттилоот ва таҳлил
 
Аз назар гузарониданд:491 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар