ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
МАҚОМИ АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ ДАР РУШДИ НУМӮИ ҶАРАЁНИ АДАБӢ
2018-09-27

Аз давраи валодати сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ 1160 сол сипарӣ гашт, аммо то ҳол ашъори ноби ин шоири бузург вирди забони ҳамаи дӯстдорон ва мухлисони назм аст. Шеъри ӯ то ҳол барои мардуми форсизабонон фаҳмову равшан буда, қалбу рӯҳи инсонро оромӣ мебахшад.

Ба ифтихори 1160-солагии асосгузори  адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар толори  факултети забонҳои шарқ санаи 26 сентябри соли ҷорӣ  конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Мақоми Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар рушди нумӯи ҷараёни адабӣ”  баргузор гардид.

Сараввал  сухани ифтитоҳӣ ба декани факултети забонҳои шарқ,  номзади илмҳои филологӣ, дотсент Раҳимов И. дода шуд.

Сипас аз Раёсати донишгоҳ ноибректор оид ба корҳои илм ва инноватсия, доктори илмҳои педагогӣ Сабуров Хайрулло Мирзоевич дар ин конференсия ширкат варзида, дар мавзӯи “Ақидаҳои панду ахлоқии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва истифодаи он дар ҷараёни таълим ва тарбия” маърӯзаи хеле пурмуҳтаво хонданд ва қайд намуданд, ки мо бояд ҳатман дар ҷараёни  таълим ва тарбия аз ашъори Рӯдакӣ васеъ истифода намоем.

Мувофиқи барнома маърӯзаи навбатӣ дар мавзӯи “Анъанаҳои қасидасароии Рӯдакӣ дар эҷодиёти Юсуф Хос Ҳоҷиб” аз ҷониби доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдуқодиров Абдусалом гуфта шуд. Абудқодиров хеле равшану возеҳ дар бораи қасидасароӣ дар адабиёт ва хусусиятҳои  қасидаҳои Рӯдакӣ бо қасидаҳои  шоири ӯзбек Юсуф Хос Ҳоҷибро муфассал баён намуданд.

Аз ҷониби номзади илмҳои филологӣ, дотсент Файзуллоев Б. маърӯза дар мавзӯи “Муқоисаи панду ҳикматҳои Рӯдакӣ ва Аҳмади Югнакӣ” гуфта шуд.  Устод Файзуллоев Б. дар маърӯзаи худ панду андарзи Рӯдакиро бо панду ҳикматҳои шоири узбекзабон Аҳмади Югнакӣ муқоиса намуданд.

Маърӯзаи охирини ин конференсия дар мавзӯи “Талқини бадеии мавзӯи “Дӯстӣ” дар эҷодиёти Рӯдакӣ ва Эркин Воҳидов” аз ҷониби номзади илмҳои филологӣ, дотсент Суюнов М. буд. Устод дар ин баромади кӯтоҳу пурмазмуни худ қайд намуданд, ки мавзӯи дӯстӣ ҳам дар ашъори Рӯдакӣ ва ҳам дар ашъори Эркин Воҳидов хел назаррасанд ва дар замони мо низ дӯстии байни халқи ӯзбек ва тоҷик хеле мустаҳкам гардидааст.

Дар охир аз ҷониби донишҷӯён  шеърҳо аз ашъори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ қироат карда шуд.

Сухани интиҳоӣ ба доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдуқодиров А. дода шуд.

Хуллас конференсияи илмӣ- назариявӣ дар факултети забонҳои шарқ, ки ташкилкунандаи он кафедраи забон ва адабиёти ӯзбек ва методикаи таълими он мебошад,  дар сатҳи баланд гузаронида шуд.  

 

 маркази иттилоот ва таҳлил

 

Аз назар гузарониданд:1017 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар