ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ ШАРҚ: КОНФЕРЕНСИЯ БАХШИДА БА РӮЗИ РӮДАКӢ
2018-09-28

Дирӯз дар толори факултети забонҳои шарқ бо ташаббуси кафедраи забон ва адабиёти ӯзбек ва методикаи таълим ба ифтихори 1160-солагии асосгузори  адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ, таҳти унвони “Мақоми Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар рушди нумӯи ҷараёни адабӣ”  баргузор гардид.

Конференсияро Раҳимов И. декани факултети забонҳои шарқ,  номзади илмҳои филологӣ ифтитоҳ кард. Дар конференсия Сабуров Х.М. муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор ширкат варзида, дар мавзӯи “Ақидаҳои панду ахлоқии Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва истифодаи он дар ҷараёни таълим ва тарбия” маърӯза  намуда, таъкид дошт, ки мо бояд  дар ҷараёни  таълим ва тарбия аз ашъори устод Рӯдакӣ васеъ истифода намоем.

Дар рафти конференсия Абдуқодиров Абдусалом доктори илмҳои филологӣ, профессор  дар мавзӯи “Анъанаҳои қасидасароии Рӯдакӣ дар эҷодиёти Юсуф Хос Ҳоҷиб”, Файзуллоев Бахтиёр номзади илмҳои филологӣ  дар мавзӯи “Муқоисаи панду ҳикматҳои Рӯдакӣ ва Аҳмади Югнакӣ”, Суюнов Мавлон номзади илмҳои филологӣ  дар мавзӯи “Талқини бадеии мавзӯи “Дӯстӣ” дар эҷодиёти Рӯдакӣ ва Эркин Воҳидов” бо маърӯзаҳои худ баромад намуданд.

Конференсия бо қироати шеърҳо аз ҷониби донишҷӯён ба итмом расид.

 

 

Аз назар гузарониданд:899 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар