Дирӯз дар факултети забонҳои хориҷӣ бо мақсади пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба терроризм ва экстремизм ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён вохӯрӣ таҳти унвони “Ҷавонон зидди терроризм” баргузор гардид.
Вохӯриро декани факултет дотсент Абдуллоева М.А. оғоз бахшид. Сипас, Саидов Фирдавсхон мудири шуъбаи кор бо ҷавонони кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо донишҷӯён сӯҳбат гузаронида, онҳоро аз оқибатҳои манфиовари ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ҳушдор сохт. Инчунин, таъкид кард, ки донишҷӯён бояд бомасъулияту зирак бошанд, канораҷӯӣ накарда, қувваи худро барои донишомӯзӣ сарф намоянд ва дар пешгирии падидаҳои номатлуб саҳм гузоранд.
Ҳамзамон, Ҳоҷибоев Усмонҷон иштирокчии барқароркунии сохти конститутсионӣ оиди оқибатҳои даҳшатноки ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон нақл намуда, ҷавононро ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи марзу буми кишвар даъват кард.
Дар вохӯрӣ беш аз 140 нафар донишҷӯён ширкат варзида, таассуроти хуб бардоштанд. Вохӯрӣ бо саволу ҷавоби озод идома ёфта, роҳҳои пешгирии он ба ҷавонон фаҳмонида шуд.