Дирӯз дар факултети геоэкология бо ташаббуси кафедраи геоэкология ва методикаи таълим дарси тарбиявӣ дар мавзӯи “Ҳизбҳои ғайридавлатӣ” бо иштироки декани факултет ва устодону донишҷӯён гузаронида шуд.
Тиллоев Н.Қ. омўзгори кафедраи геоэкология ва методикаи таълим ба дарси тарбиявӣ оғоз бахшида, таъкид намуд, ки маҳз бо фаъолияти пасипардагии ҳизбҳои ғайриқонунӣ ҳодисаҳои терроризм ва экстремизм фаъол гардида, решаронӣ мекунад. Инчунин, устод аз хусусиятҳои манфиовари ин падидаҳои номатлуб, ки барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, суст намудани ҳокимияти давлатӣ равона гардидаанд ишора кард. Ҳамзамон, муаллим аз баромадҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, қайд намуд, ки “Террорист дин, мазҳаб, ватан ва миллат надорад”.
Донишҷӯён низ, дар навати худ доир ба ин масъала ва роҳҳои ҳалли он фикру андешаҳои худро баён намуданд.