Дар давоми ду ҳафтаи сипарӣ ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” профессор Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло ба зиёда аз 50 машғулиятҳои омўзгорони факултетҳои физика ва техника, телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ, биология ва химия, математика, тарбияи ҷисмонӣ ва геоэкология ширкат варзид.
Яке аз самтҳои асосии назорати сифати раванди таълиму тарбия дар донишгоҳ иштирок дар дарс ва таҳлили амиқи он мебошад, ки он бевосита раванди воқеии таълиму тадрисро муайян месозад. Дарс амалиёти дидактикӣ, фаъолияти педагогии омўзгор дар ҷараёни таълим аст. Аз ин лиҳоз, аз тарафи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва омўзгорон иштирок намудан ба дарс ва таҳлили ҳаматарафаи он барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва ба роҳ мондани роҳу усулҳои муосири таълим мусоидат менамояд.
Ректори донишгоҳ, профессор Ҷўразода Ҷ.Ҳ. пас аз иштирок ба дарс ҳар як машғулияти омўзгоронро дар алоҳидагӣ таҳлил намуда, ба омӯзгорони ҷавон дастур дод, ки минбаъд аз тарафи онҳо барои самаранок омўзонидани маводи таълимии нав ба донишҷўён ва ташаккули неруи зеҳнӣ, маҳорат ва малакаи онҳо аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд. Инчунин, аз омўзгорон талаб намуд, ки минбаъд мазмун ва мундариҷаи дарсро ба риштаи таҳлил кашида, аз нуқтаи назари илмӣ, амалӣ ва методӣ ба донишҷўён маводи таълимиро бо назардошти мувофиқ будани мавзўъ ба талаботи барномаи фаннӣ дастрас намуда, ба ҷанбаи тарбиявии дарс, муаммогузорӣ дар дарс, пайдарпайӣ ва системанокӣ, алоқаи назария бо амалия ва дигар роҳҳои беҳтар намудани раванди таълиму тарбия аҳамияти махсус диҳанд.
Дар ҷараёни иштирок дар дарсҳо, ректори донишгоҳ бо донишҷўён низ сўҳбат ороста, онҳоро ба илмомўзӣ, иштироки фаъол дар машғулиятҳо ва корҳои ҷамъиятӣ, эҷодкориву навоварӣ ва риояи сару либоси тавсиявӣ даъват намуд. Ҳамчунин ба ҷавонон ҳушдор дод, ки аз шомилшави ба гурўҳҳои экстремистиву террористӣ худро эмин нигоҳ дошта, дар тарғиби дастовардҳои истиқлолият ва таъмини ҳаёти осоишта саҳмгузор бошанд.
Дар навбати худ омўзгорон роҳбарияти донишгоҳро бовар кунониданд, ки тамоми донишу малака ва таҷрибаи андўхтаи хешро барои баланд бардоштани савияи дониши донишҷўён ва тарбияи ватандўстиву худшиносии миллии онҳо равона мекунанд .
Иштироки ректори донишгоҳ дар дарсҳои омўзгорони дигар факултетҳо идома дорад.