ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОН ДАР ДОНИШГОҲ
2017-10-06

Бахшида ба рӯзи забони давлатӣ дар толори раёсати донишоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки як қатор устодону донишҷӯёни донишгоҳ ва намояндаи МИҲД–и  вилоят ва шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ таҳти унвонӣ ”Сарчашмаи ифтихори миллат”баргузор карда шуд. Дар конфронс нахуст ректори донишгоҳ профессор  Ҷамшед Ҷӯразода суханронӣ намуда таъкид кард, ки забони миллии мо дар партави сиёсати пешвои миллат пас аз ҳазорсол  аз нав эҳё гашта ҳамчун рамзи ҳастии миллату давлат дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуд. 
Дар чорабини мудири шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят Тоҷибой Султонӣ ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри хуҷанд Фирдавс Маҳмадалиев табрикоти раиси вилоят ва раиси шаҳрро ба иштирокчиён расониданд. Сипас, доктори илмҳои филологи профессор Абдуҷамол Ҳасанов  оида ба “Ҳифзи симои зебо ва пайкари тавонои забон” маърӯза намуда таъкид дошт, ки забони тоҷикӣ дар арсаи  мавҷудияти хеш ба кашмакашиҳои гуногун дучор гашта, вале тавонистааст то имрӯз рисолату асолати худро нигоҳ дорад. 
Ҳамзамон  дар конфронс мавзӯи “Устод Айни ва таъриху тақдири забони тоҷикӣ дар оғози 1 асри ХХ” масъалаи дигаре, буд, ки аз ҷониби дотсент Мусо Олимҷонов мавриди бараси қарор гирифт. Баъдан  дар мавзӯи “Пешвои миллат ва сарнавишти таърихии забони тоҷикӣ” аз ҷониби дотсент Зоҳид  Қурғонов маърӯза карда шуд. Номбурда аз дастгириву пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда таъкид намуд, ки маҳс бо ташаббуси роҳбарияти кишвар дар даврони Истиқлолият забони тоҷикӣ аз нав шӯҳрат ва шаҳомати худро ба даст оварда, ҳамчун рамзи худшиносиву худогоҳии миллӣ шинохта шуд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади баланд бардоштани нуфузи забони давлатӣ дар миқёси кишвар аз соли 2009 инҷониб ҳамасола 5 октябр рӯзи забони тоҷикӣ  ҷашн гирифта мешавад.
 
Маркази иттилоот ва таҳлил
 
Аз назар гузарониданд:577 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар