Бахшида ба Рўзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар толори факултети филологияи тоҷик бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конфронси илмию адабӣ таҳти унвони «Мавлоно ва фарҳанги инсонӣ» доир гардид. Муовини ректор оид ба корҳои илм ва инноватсияи донишгоҳ профессор Сабуров Х.М. ба конфронс оғоз бахшида, дар бораи ин орифи сухан, омӯзгори асили ахлоқ, донандаи илми тасаввуф, шоири беҳамто андешаҳои худро баён намуда, қиммати ашъори адибро муаррифӣ кард. Баъдан мудири кафедраи забони тоҷикӣ Ҳасанзода Абдуҷамол дар мавзӯи «Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ шоири нодирагуфтор» маърўзаи илмӣ намуд.
Ҳамзамон, дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷик Нуралӣ Нуров таҳти унвони «Мулоҳизаҳо оид ба мазори пири Мавлоно дар Тоҷикистон» маърўза намуд. Зимни баромад худ дотсент Нуров Н. қайд намуд, ки ҳарчанд аҳли таҳқиқ бар он назаранд, ки дар шаҳрҳои Қуния, Табрезу Афғонистон мазори Шамси Табрезӣ вуҷуд дорад, аммо ҳеҷ кадоме бо далелҳои қотеъ исбот накардаанд. Мавсуф бо пешниҳоди наворе, ки дар он соли 2010 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди мазори мансуб ба Шамси Табрезӣ, ки дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнӣ ҷойгир буд, суханронӣ намудаанд фикри худро тақвият бахшида, қайд намуд, ки мазори воқеии Шамси Табрезӣ ҳамин зиёратҷое аст, ки имрўз дар деҳаи Вешаб қарор дорад.
Дар бахши дуюми конфронс донишҷўёни факултетҳои филологияи тоҷик ва забонҳои шарқ аз ашъори Мавлоно шеърҳо қироат намуданд. Конфронс бо пешниҳоди навои классикӣ аз ашъори Мавлоно Балхӣ дар иҷрои донишҷўёни факултети санъат ба итмом расид.