ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
НАСБИ КАМЕРАҲОИ НАЗОРАТИ ДАР УТОКХОИ ТАЪЛИМИИ ДОНИШГОҲ
2017-10-10

Тибқи дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар тамоми муассисаҳои олии кишвар камераҳои назоратӣ  бояд насб карда шаванд. 
Насби камераҳои назоратӣ дар утоқҳои таълимӣ то ҷое раванди дарсро дар донишгоҳҳои олӣ беҳтар намудааст. Соли дуввум аст, ки дар ДДХ ба номи академик Бобоҷон  Ғафуров бо камераҳои назоратӣ раванди таълим ва гузаштани дарси устодонро назорат мекунанд. Сардори шӯъбаи сифати таҳсилоти донишгоҳ С. Ёқубов мегӯяд, ки ин раванд устодону донишҷӯёнро масъулиятнок кардааст. “Онҳо ба дарсҳо таъхир намекунанд ва дар вақташ дарсҳо бо сифати баланд мегузарад”.
Ҳоло дар донишгоҳ зиёда аз 400 адад камераҳои мушоҳидавӣ тамоми биноҳои таълимӣ ва рафти дарси устодонро назорат мекунанд. Масъулин иброз медоранд, ки баробари назорати дарсҳо ҳамзамон барои шафоф гузаштани имтиҳонҳо низ камераҳои назоратӣ нақши калон гузоштааст. 
Тибқи  дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст, ки то соли 2018 муассисаҳои таълимии  кишвар раванди насби камераҳои назоратиро пурра ба анҷом расонанд. ДДХ ба номи акдемик Бобоҷон Ғафуров марҳилаи аввал ва дуввуми онро паси сар карда, ҳоло нақша доранд дар марҳилаи саввуми бароҳмонии   назорати электронии рафти таълиму тарбия ва беҳтар гардонидани  сифати онро  ба нақша гирифтааст.
 
Маркази иттилоот ва таҳлил
 
Аз назар гузарониданд:542 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар