ба қафо
АФЗУДАНИ 20 ФИСАДИ МАОШ
2017-09-05
Дар меҳвари сиёсати раъиятпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва муҳайё намудани зиндагии шоиста мавқеи асосиро ишѓол менамоянд.
Чанде қабл дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат барои баланд бардоштани вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии омўзгорон ҷиҳати пешбурди соҳаи маориф дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров иқдоми наҷиб роҳандозӣ карда шуд.
Чунончӣ, тибқи қарори Шўрои олимони донишгоҳ аз 29 июни соли 2017, №11ва фармоиши ректори донишгоҳ аз санаи 30 июни соли 2017, №156 аз 1-уми сентябри соли 2017 маоши профессорону дотсентон, омўзгорон, кормандони донишгоҳ ба андозаи 20 фисад зиёд гардид, ки сарчашмаи ин маблағҳо аз ҳисоби суратҳисоби махсуси донишгоҳ таъмин карда мешавад.
Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ
Аз назар гузарониданд:628 нафар
баён кардани ахборот