ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ РАВОНШИНОСОН
2017-10-11

Бо ташаббуси кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбӣ чорабинии таълимию тарбиявӣ ва фарҳангию фароғатии донишгоҳӣ бахшида ба “Рӯзи байналмиллалии равоншиносон” ташкил ва баргузор гардид.  Чорабинӣ бо иштироки 117 нафар донишҷӯён ва 22 нафар омӯзгорон ташкил ва гузаронида шуд. Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур зарурати омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани вазифаи илми психология дар ҷомеаи имрӯза, омӯзиши нозукиҳои илми психология, роҳҳои расонидани ёрии психологӣ бо нафароне, ки ниёз доранд, бароҳмонии машварати психологӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, роҳҳои бартараф намудани муноқишаҳои оилаи ҷавони имрӯза, ташкили муносибати солими психологӣ, пешгирии психологии ҷавонон аз ҳар гуна ҳодисаҳои номатлуб,  даъват ба ҳимояти ватан, ватандорӣ ва худшиносии миллӣ маҳсуб меёбад. Дар фарҷоми чорабинӣ аз тарафи устодону донишҷӯён саволу ҷавобҳо ва баҳсу мунозираҳои илмӣ ташкил гашта, ҳар як иштирокчии маҳфил аз он баҳраманд гашт. 
 
Маркази иттилоот ва таҳлил
 
Аз назар гузарониданд:523 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар