ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
БОБОҶОН ИКРОМОВ РЎЗНОМНИГОР ВА ПУБЛИТСИСТИ ВАРЗИДА
2017-10-13

Бо ташаббуси кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи донишгоҳ дируз дар толори факултети филологияи тоҷик вохўрии рўзномнигори варзида Бобоҷон Икромов бо аҳли устодон  ва донишҷўёни риштаи рўзномнигорӣ  баргузор гардид. Бояд таъкид намуд, ки чорабинии мазкур дар бораи  60-солагии зодрўзи мавсуф ва 40-солагии фаъолияти эҷодии ин публитсисти пуркор бахшида шуд.
Сараввал раиси иттифоқи журналистони вилояти Суғд Илҳоми Ҷамолиён соҳибҷашнро бо 60-умин соргарди  умр шодбош намуда, қайд кард, ки Бобоҷон Икромов яке аз поягузорони журналистикаи навини тоҷик маҳсуб меёбад.
Сипас Матлубаи Мирзоюнус доктори илмҳои филологӣ, профессор, аввалин мудири кафедраи журналистикаи донишгоҳ дар чорабинии мазкур суханронӣ намуда,  аз фаъолияти пурсамари рӯзноманигор нуқтҳои ҷолиб баён намуд.
Бояд таъкид кард,  ки Бобоҷон Икромов соли 1957 дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд таваллуд шуда, баъди хатми мактаб ба шуъбаи журналистикаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоикистон дохил шуда, онро бо мувафаққият хатм намудааст. Худи ҳамон сол фаъолияти эҷодии худро ба сифати муҳаррири хурд дар идораи телевизион оғоз кардааст. Мавсуф бо баробари пешаи рӯзноманигориро  интихоб намудан ва дар ин ҷода комёб гардидаанд. Устод Б. Икромов ба  майдони адабиёт қадамҳои устувор гузошт  дар баробари рӯзноманигорӣ ба адабиёти тоҷик шавқу рағбати беандоза дошт. Асарҳои Ӯ “Ашки сӯзон, “Хотираҳои офтобӣ” ва “Армони модар”  аз ҷониби хонандагон хуб қабул гардидаанд. Песаҳои “Ашки сӯзон”, “Дидор”  ва “Армони модар” тӯли 25 сол аст, ки тариқи шабакаҳои мухталифи телевизионӣ намоиш дода мешавад. 
Дар ин вохўрӣ донишҷӯён дар навбати худ доир ба масъалаҳои гуногуни журналистика ва нақши он дар ҳаёти ҷомеа саволҳо дода, посухҳои қаноатбахш гирифтанд.
Бобоҷон Икромов  барандаи  ҷоизаи байналмилалии Зеҳни миллат  ва гирандаи ҷоизии ҷумҳуриявии иттифоқи журналистони тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ ва иттифоқи журналистони вилояти Суғд Ҳоҷӣ Содиқ мебошад. 
Мулоқот бо рӯзноманигор ва публитсисти шинохтаи мамлакат Бобоҷон Икромов дар сатҳи хуб баргузор гардид.
 
 
Маркази иттилоот ва таҳлил
 
 
 
Аз назар гузарониданд:522 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар