ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ЧАРОҒИ ҲИДОЯТ
2017-10-16

Дирӯз дар якҷоягӣ бо Шӯрои собиқадорон,  шӯрои занону духтарон созмони  ҷавонон дар факултети забонҳои хориҷӣ маҳфили “Чароғи Ҳидоят” бахшида ба 85–солагии донишгоҳ ва 25-умин солгарди Иҷлосияи тақдирсози 16–уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок карданд.
Чорабиниро дотсент М.Н. Нематуллоева ҳусни оғоз бахшида, оид ба нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳаёти тоҷикону Тоҷикистон, дастовардҳои халқи тоҷик дар даврони истиқлолият сухан карда иброз намуд, ки ҷавонони имрӯза хеле хушбахтанд, зеро зодагони даврони истиқлол буда, дар фазои орому босуботи кишвар умр ба сар мебаранд. 
Дар қисми фарҳангӣ, барои болидахотирии тамошобинон донишҷӯён дар васфи устод шеърҳо қироат карда, бо забони англисиву тоҷикӣ сурудҳо хонданд. Дар маҳфил собиқадорони меҳнат аз ҳаёти худ қиссаҳо нақл карда,  ба ҷавонон таъкид ба амал оварданд, ки илм омӯзанд ва барои пешравии Ватани азизамон Тоҷикистон саҳмгузор бошанд. Зеро шукуфоӣ ва ояндаи дурахшони Ватанамон аз ҳиммату матонат ва лаёқату маҳорат ва саводи ҷавонон вобастагии калон дорад.
Дар фарҷоми чорабинӣ декани факултет дотсент Абдуллоева  М.А.  ба ҳамаи собиқадорон сиҳатмандиву хотирҷамъӣ таманно намуда, барои ташкилкунандагони маҳфили мазкур арзи сипос намуд.
 
Маркази иттилоот ва таҳлил
 
 
 
Аз назар гузарониданд:501 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар