ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ГАНҶИ СУХАН ДАР МЕҲМОНИИ САРБОЗОНИ ВАТАН
2017-10-16

Нишасти 155-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, дирӯз бо иштироки адибону олимони номвар дар ҳузури сарбозони Ватан, хизматчиёни қисми ҳарбии 051056 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, баргузор гардид. Маҳфилро роҳбари он адабиётшинос Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшида зикр кард, ки бахшида ба 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳузури сарбозон баргузор шудани маҳфил маънии онро дорад, ки мутобиқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳомиёни имрӯзаи Ватан дар баробари ҷасуру далер, ватандӯсту содиқи халқи хеш будан  дар донистани таърихи кишвар, забон ва  адабиёти миллӣ бояд муваффақ бошанд. Зеро донистани таърих ва адабиёти беш аз ҳазорсолаи тоҷик  дар ниҳоди ҷавонон баробари муҳаббат ба Ватан беҳтарини сифатҳои инсонӣ аз қабили вафодорӣ, ҷавонмардӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои ҳукумату давлатро ба вуҷуд меорад. Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Парвиз Халифаев дар мавзӯи “Хидмати Ватан шараф аст”суханронӣ карда, ҳозиринро бо Соли Ҷавонон ва 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда,   маҳфилро ҳамчун падидаи нодири адабӣ ва фарҳангӣ  арзёбӣ намуд.
Дар бахши навгониҳои илмиву адабӣ аз ҷониби  Сорбон Азизов, сармуаллими донишгоҳ бештар аз 20 номгӯ китобҳои тозанашр муаррифӣ гардид. Аз ҷумла китоби “Пешвои миллат ва сиёсати забон дар Тоҷикистон”, ки аз ҷониби олимони донишгоҳ таълиф гардидаст ҳамаҷониба таҳлил гардид. Китобҳои  дигари тозанашри олимони ин даргоҳ аз қабили “Ёдномаи устодони суханшинос”ва”Чашмаи бовар” ҳамчун армуғон ба ҷашни 85-солагии донишгоҳ муаррифӣ гардиданд.
Баъдан муаррихи номвар Ҷӯрабек Исомаддинов таҳти унвони “Оғози саодати мардум” оид ба таърих ва аҳамияти Иҷлосиия 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуд. Ӯ дар бораи муҳимтарин лаҳзаҳои Иҷлосия сухан карда, аз далериву шуҷоат ва мардонагии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки бо ҷуръати бемонанди хеш зимоми давлатдориро ба даст гирифта, чӣ гуна баҳри таҳкими давлати тозаистиқлоли мо талош варзиданд нақл кард. Роҳбари маҳфил Саидумрон Саидов зикр кард, ки донистани таърихи кишвар ва кишвардорӣ барои ҷавонон қарзи ватандорист. Дар ин чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти газетаи “Ҷумҳурият”, силсилаи китобҳо ва газетаҳо ҳамчун ҳадя барои сарбозони Ватан расонида шуд, ки дар онҳо таърихи Истиқлолияти Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, корномаҳои Пешвои миллат, воқеаҳои муҳими таърихиву сиёсӣ инъикос гардида буданд. Ҳини супоридани ҳадяҳои маънавии газетаи “Ҷумҳурият” зикр карда шуд, ки хизматчиёни ҳарбӣ метавонанд аз китобхонаи қисми ҳарбӣ онҳоро дастрас намуда, пайваста мутоила намоянд.
Дар бахши “Минбари адибон” шоирон Мӯҳсин Аминзода ва Темурмалик Рустамов беҳтарин шеърҳои хешро дар васфи Ватан, модар ва шуҷоату мардонагӣ қироат карданд. Сӯҳбати ширин ва гуворои адибон ба ҷавонон рӯҳу илҳоми тоза ато кард.
Дар мавзӯи “Пешвои миллат ва сиёсати забон дар Тоҷикистон” маърӯзаи илмии Салоҳиддин Ӯзбеков, номзади илмҳои филология, дотсенти донишгоҳ ба шунида шуд. Муаллифи маърӯза аз  фасоҳат ва балоғати забон сухан оғоз намуда, оид ба мақом ва манзалати забон, эҳтироми он дар ҷомеа ва махсусан аз таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳои Пешвои миллат оид ба тозагӣ ва пойдории он ибрози назар намуд.
Монтажи адабӣ дар мавзуи “Ватанам Тоҷикистон” аз ҷониби : хизматчиёни Гвардияи миллии ҷумҳурии Тоҷикистон ва хонандагони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ниҳоят пурмазмун ва хотирмон буд. Махсусан мусобиқаи шеърхонии сарбозон бо хонандагони мактабҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷолиби таваҷҷӯҳ буд. Суруду мусиқӣ аз ҷониби сарбозон ва ҳаваскорони ҷавони ноҳия дар маҳфил фазои идонаро эҷод кард. Муовини командири қисми ҳарбӣ Полковник Фурқат Ҳамроев меҳмононро хайрамақдам гуфт ва аз ашъори хеш чанд шеъри хуб қироат кард. Дар поён тӯҳфаҳои хотиравии Раиси вилояти Суғд барои маърӯзачиён супорида шуд.
 
Маркази иттилоот ва таҳлил
 
Аз назар гузарониданд:490 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар