ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
МАҲФИЛИ “АНДЕША” ДАР ДОНИШГОҲ
2017-10-17

Дар толори калони раёсати донишгоҳ ҷамъомади нахустини маҳфили доимоамалкунандаи «Андеша», ки бо ташаббуси ректори донишгоҳ профессор Ҷўразода Ҷ.Ҳ. ба фаъолият оғоз намуд, баргузор гардид.
Маҳфилро профессор Ҷўразода Ҷ.Ҳ. оғоз намуда, ҳозиринро хайрмақдам намуд. Дар чорабинӣ намояндаи МИҲД Суғд-мудири шўъбаи корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Сўҳроб Рустамзода, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд.  
Дар оғоз оид ба мақсади ташкили маҳфили доимоамалкунандаи «Андеша» ва ҷалби донишҷўёну омўзгорони фаъолу болаёқат  маълумоти мухтасарро пешниҳод шуд. Хотиррасон менамоем, ки маҳфил зери унвони «Зарурати ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуд.    
Рустамзода Сўҳроб дар маърўзаи худ оид ба моҳият, мазмун, мўҳтаво, аҳамият ва лозимияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  маълумот дод. 
Дар охир байни меҳмон ва донишҷўён саволу ҷавоб баргузор гардид ва донишҷўён имкон доштанд, оид ба масъалаҳое, ки барояшон норавшан буд посухҳои мушаххас гирифта бошанд.
Маҳфилро ректори донишгоҳ профессор Ҷўразода Ҷ.Ҳ. ҷамъбаст намуда, ба фаъолияти ояндаи маҳфил комёбиҳо орзу намуд ва иброз  дошт, ки барои таблиғотчии хуб шудан ҷасорат, матонат, боварӣ, таҳаммул ва пеш аз  ҳама дониши хуби сиёсӣ доштан шарти аввалин аст.
 
Маркази иттилоот ва таҳлил 
 
Аз назар гузарониданд:503 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар