ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
“МАҲАСТӢ” САЗОВОРИ ДДХ БА НОМИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ ГАШТ.
2017-10-18

Олим шахсест, ки қалби рӯшани бомаърифати худро дар роҳи фардои насли ҷавони миллат барафрӯхта медорад ва бо шамси хирад ҳамеша дар сарнавишти халқ  нурафшон аст. Омўзгори барнодил, олимаи зебо, хушсухану ширингуфтор, донишманди соҳибмактаб, доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Замира Fаффорова аз зумраи он донишмандонест, ки тўли солиёни зиёд дар ҷодаи илм қадамҳои устувор мегузорад ва пайваста дар роҳи илм ба дастоварду комёбиҳои шоиставу арзанда ноил гардидааст. 
Хоссатан, соли 2017 барои профессор З. Ғаффорова соли бобарор аст, зеро дар ҳамин сол китоби ӯ таҳти унвони  «Арзёбии ду тазкираи маъруфи ҳинд: «Каламот-уш-шуаро» ва «Сафинаи Хушгў» аз ҷониби Маркази таҳқиқоти форсии Донишгоҳи Алигарҳи  Ҳиндустон ба нашр расид (Алигарҳ, 2017, 260 с., ба хатти форсӣ). Муҳаққиқ дар меҳвари таҳқиқоти хеш баррасии вежагиҳои тазкираҳои “Каламот-уш-шуаро”-и Муҳаммадафзали Сархуш ва “Сафинаи Хушгў”-и Биндробан Доси Хушгў ва мақоми онҳоро дар нақду сухансанxии форсу тоҷик қарор дода, бо санаду далел ва баррасиҳои амиқрави илмӣ собит намуд, ки воқеан ҳар ду тазкира дар пажўҳиши авзои куллии адабиёти форсизабони ҳинд  ва суханварони ҷудогонаи он аз аҳамияти муҳиме бархурдоранд.
Китоби мазкур санаи 1-уми марти соли 2017 дар маросими ифтитоҳи дуюмин ҳамоиши байналмилалии “Ховаршиносӣ ва мутолеоти эронӣ” ва семинари байналмилалии Бедили Деҳлавӣ дар Донишгоҳи Алигарҳи Ҳиндустон муаррифӣ гардид, ки дар ин маросим дар қатори чеҳраҳои барҷастаи адабиёт ва илму фарҳанги кишварҳои форсизабон сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон Мирзошариф Ҷалолов ширкат ва суханронӣ намуд. Ба китоб аз ҷониби донишмандон ва муҳаққиқони адабиёти форсизабони Ҳиндустон аз кишварҳои ҳинд, Афғонистон, Эрону Тоҷикистон ҳамчун пажўҳиши муҳим дар нақду сухансанxӣ ва баррасии ҷойгоҳи тазкираҳои таълифшуда дар Шибҳи Қораи ҳинд барои омўзиши авзои куллии адабиёти форсу тоҷик баҳои баланд дода шуд. Нусхаи нахустини китобро ба олимаи тоҷик Замира Fаффорова ректори Донишгоҳи Алигарҳ, доктор Замирушшоҳ супорид.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ба нишони эътирофи пажўҳишоти анҷомдодаи профессор Замира Ғаффорова дар таҳқиқу баррасии масоили ҳиндшиносӣ, хосса адабиёти форсизабони ҳинд шумораи махсуси маҳаллаи бонуфузи Ҳиндустон таҳти унвони «Қанди порсӣ»  (№71-72-юми соли 2016), ки аз сўи Маркази таҳқиқоти форсӣ дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон барои тамоми форсизабонони олам чоп мешавад, пурра ба фаъолияти илмии профессор Замира  Fаффорова бахшида шуд. Шумораи махсуси маxаллаи “Қанди порсӣ” бо номи “Вежаномаи профессор Замира Ғаффорова” 22 мақолаи илмии  З.Ғаффороваро дар ҳаҷми 505 саҳифа фаро гирифт, ки ин боиси хушбахтии ҷомеаи устодону донишҷўёни донишгоҳ ва шаҳри Хуҷанду Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад. Муаррифии шумораи  мазкур низ сароғози баҳор дар Маркази таҳқиқоти форсии шаҳри Деҳлӣ баргузор шуд, ки дар он низ сафири Тоxикистон дар Ҳиндустон Мирзошариф Xалолов ширкат дошт.  
Ҳодисаи дигари фараҳбахш дар ин сол дар фаъолияти илмии профессор З.Ғаффорова таҳияи матни маснавии “Меҳру Моҳ”-и Xамолии Деҳлавӣ буд (Хуxанд: Ношир, 2017, 580 саҳ.) буд, ки бо пешгуфтори муфассали З.Ғаффорова зери унвони “Ошноӣ бо Ҷамолии Деҳлавӣ” (дар ҳаҷми 204 саҳифа), таълиқот (дар ҳаҷми 17 саҳифа), тавзеҳоти марбут ба муқаддимаи муфассали китоб (дар ҳаҷми 36 саҳифа), тавзеҳоти матни маснавӣ (дар  38 саҳифа) ва луғоти тафсирёфта (дар 34 саҳифа) ба нашр расид. 
Ҳамаи ин дастовардҳои илмии профессор З.Ғаффороваро дар адабиётшиносии тоҷик ба инобат  гирифта, дар Рӯзи шаҳри Хуҷанд барои ин олимаи пурмаҳсули тоҷик Ҷоизаи адабии ба номи Маҳастӣ тақдим карда шуд, ки ин боиси ифтихори устодон ва донишҷўёни донишгоҳ ба шумор меравад. 
Лозим ба зикр аст, ки Ҷоизаи адабии ба номи Маҳастӣ бори севум аст, ки ба аҳли илму адаб барои хидматҳои шоиста дар рушди адабиёт дода мешавад. Нахуст Шоираи Халқии Тоҷикистон Фарзона (2013) ва профессори донишгоҳи азизи мо-Умеда Ғаффорова (2015) ба гирифтани Ҷоизаи Маҳастӣ сарафроз гардидаанд. 
Мояи хушнудист, ки имсол Ҷоизаи адабии Маҳастӣ ба профессори донишгоҳи мо-Замира Ғаффорова барои хизматҳои шоиста дар рушди адабиёт, тарбияи эҷодкорони ҷавон аз зумраи занону бонувон ва инъикоси дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд. 
Воқеан ҳам профессор З.Ғаффорова дар баробари корҳои илмӣ-тадқиқотӣ намудан  ҳамзамон ба тарбияи кадрҳои ҷавони донишгоҳ машғул буда, онҳоро дар роҳи илм омода менамоянд. Рухшона Аминҷонова, Баҳроми  Раҳматзод, Шехимов Иззатбек ва дигарон аз зумраи ҷавонони сермаҳсул ба шумор мераванд, ки таҳти роҳбарии З.Ғаффорова таҳқиқоти илмӣ мебаранд.
Ҷомеаи меҳнатии устодон ва донишҷўёни донишгоҳ муаллимаи азиз, олимаи  номвар, модари ғамхор ва профессори донишгоҳ Замира Ғаффороваро бо Ҷоизаи адабии ба номи Маҳастӣ самимона таҳният гуфта, барояшон баландтарин қуллаҳои мурод ва шоҳҷоизаҳои дигарро орзу менамоянд.
Ба монанди профессор Замира Ғаффорова дар донишгоҳ олимон зиёданд. Бигзор олимону профессорони донишгоҳ барои баланд бардоштани савияи дониш, маҳорат, малака ва ҷаҳонбинии ҷавонон дониши худро дареғ надоранд ва баҳри рушди илмҳои замони муосир саҳми хешро гузоранд. Донишгоҳ аз доштани чунин олимон ифтихор менамояд. Дастовардҳои олима, профессор Замира Ғаффорова дар арафаи ҷашни 85-солагии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров як дастоварди бузург мебошад. 
 
 
Маркази иттилоот ва таҳлил
 
 
 
 
Аз назар гузарониданд:583 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар