ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ФЕСТИВАЛ–ОЗМУНИ «АТЛАСУ АДРАС СУҒД– 2017» ДАР ДОНИШГОҲ
2017-10-18

Дар толори калони Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Фестивал-озмуни умумидонишгоҳии намоиши либосҳои «Атласу адрас-2017» байни донишҷўёни донишгоҳ баргузор гардид.  
Дар Фестивал-озмуни умумидонишгоҳии намоиши либосҳои «Атласу адрас-2017» байни донишҷўён, ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷўразода, раиси бахши иттифоқи рассомони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Насиба Эшонова, Тўтинисо Дадобоева, сармутахассиси шўъбаи рушди ичтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилооят, Назокат Иброҳимова, сармутахассиси раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва раиси шўрои занони донишгоҳ З. Раҷабова бо устодону донишҷўён иштирок намуданд. Чорабинии мазкур дар асоси Қарори Раиси вилояти Суғд аз 03.08.2017, №342 «Дар бораи баргузории Фестивали вилоятии «Атласу адраси Суғд - 2017», бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ, рушди атласу адрасбофӣ, бахшида ба Соли xавонон ва 25-солагии Иҷлосияи ХV1 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида мешавад.
Дар асоси қарори мазкур, ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷўразода, аз 09.10.2017 сол таҳти №364, оид ба гузаронидани Фестивал–озмуни умумидонишгоҳии намоиши «Атласу адрас-2017» фармоиш додааст.
Дар ин чорабинии идона донишҷўёни фаъол аз 13 факултетҳои донишгоҳ, аз ҷумла филологияи рус, физикаю техника, таърих ва ҳуқуқ, математика, забонҳои шарқ, филологияи тоҷик, телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ, биология-химия, молия ва иқтисодиёти бозор, педагогӣ, забонҳои хориҷӣ, геоэкология ва санъати тасвирӣ ва технология иштирок намуданд.
Иштирокчиёни ҳар як факултет аз рўи шартҳои озмун, ки намоиши либос аз матоъҳои атласу адраси миллии истеҳсоли ватанӣ, бо обу ранги табиияш, гуногундўхташуда, намоиши либос хоси минтақаҳои гуногуни ҳудуди вилояти Суғд ба монанди: либосҳои яғнобӣ, мастчоҳӣ, зарафшонӣ ва дигар намудҳо мебошанд. Инчунин, «Беҳтарин либоси миллии қадима», «Беҳтарин либоси расмӣ», «Беҳтарин либоси идона» ва ҳамчунин, зебогӣ, ва дизайни либос, нотакрорӣ ва ғайри муқаррарӣ, истифодаи ҳунарҳои гулдўзии дастӣ ва қуроқдўзӣ, интихоби ашёҳои ороишӣ ва пардозгарӣ яке аз шартҳои озмун ба ҳисоб мерафт. 
Дар ин озмун ба иштирокчиёни факултетҳо, ки таҳти рақами муайяни худ ба саҳна мебаромаданд 6 (шаш) дақиқа вақт дода шуд. Дар давоми ин шаш дақиқа намояндагони ҳар як факултет дониш, маҳорат, малака ва ҷаҳонбинии хешро дар намоиши либосҳои миллӣ, саҳначаҳои ҷолиб, ҳунари волои сарояндагию раққосагӣ, таронахониву бадеҳахонӣ, фолклорсароӣ ва дигар суннатҳои миллии мардумиро бо ҷалби иштирокчиёни Фестивал-озмуни умумидонишгоҳии «Атласу адрас-2017» бо тарзи гурўҳиву як нафарӣ  намоиш доданд, ки он хеле хуб аз тарафи тамошобинон пазируфта шуд. 
Рафти ин Фестивал-озмунро доварон бо як шавқу ҳавас тамошо карда, ба намоиши намояндони факултет баҳогузорӣ менамуданд. 
Аз рўи шарти озмун тамоми иштирокчиён баромади пурмўҳтаво намуданд ва сипас, баҳри фароғати иштирокчиён ва ҷамъбасти холгузории доварон суруду таронаҳои марғуб аз тарафи ҳунармандони факултети саъати донишгоҳ пешкаши ҳозирин гардид. 
Баъд роҳбарии доварон, Раиси бахши иттифоқи рассомони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Насиба Эшонова баромад намуд. Ӯ зимни суханронии хеш қайд кард, ки имрўза чорабинии идона дар байни дигар донишгоҳҳои кишвар беҳтарин буд ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз зумраи донишгоҳҳои беҳтарин ба шумор меравад ва имрўз исбот намуд, ки дар баробари таълим ва тадриси илм барои донишҷўён, ҳамчунин, дар роҳи баланд бардоштани фарҳанги миллии кишвар низ беҳтарин мебошанд. 
Дар намуди «Беҳтарин либоси миллии қадима», Манзура Комилова, донишxўи факултети телекоммуникатсия ва технологияи иттилоотӣ, аз рўи «Беҳтарин либоси идона», Аниса ҳомидова, донишxўи соли 3-уми факултети забонҳои хориxӣ ва аз рўи намуди «Беҳтарин либоси расмӣ» Саврия Мелиева, донишҷўи факултети филологияи тоҷик соҳиб шуданд. 
Аз рўи тамоми шартҳои озмун, ҷойи аввал насиби донишҷўёни факултети забонҳои хориҷӣ, зинаи дуюмро донишҷўёни факултети филологияи тоҷик ва ниҳоят ҷойи сеюмро иштирокчиён аз факултети забонҳои шарқ соҳиб шуданд, ки ин комёбиҳои факултетҳоро кафкўбиҳои аҳли толор тасдиқ мекард.
Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷўразода барои дар сатҳи баланд гузаштани чорабинии Фестивал-озмуни умумидонишгоҳии намоиши либосҳои «Атласу адрас-2017» байни донишҷўён изҳори миннатдорӣ намуда, барои ғолибони озмун ва иштирокчиёни он сипосномаву ифтихорнома ва диплому тўҳфаҳои хотиравиро дар фазои фарҳангӣ супорид, ки ин боиси ифтихори ҳар як устодон ва донишҷўёни донишгоҳ гардид.
Мақсад аз ташкил ва гузаронидани Фестивал-озмуни мазкур бо мақсади тарғиби сару либос аз матои табии аз ҷиҳати экологӣ безарар бо истифодаи услубҳои миллии дўзандагӣ, рушди меҳнати хонагӣ, ки як навъ арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллии бофандагӣ, фарҳанги либосдўзии аҷдодӣ ба ҳисоб меравад ва баланд бардоштани мақому завқи либоспўшии миллӣ, зебоипарастӣ, ғанӣ намудани ҳаёти маънавии  занону бонувон мебошад.
 
Маркази иттилоот ва таҳлил
 
 
 
 
Аз назар гузарониданд:532 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар