ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ДӮСТИИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОНУ КАЗОҚИСТОН
2017-10-19

Бо ташаббуси кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “Дӯстии байни ҷавонони Тоҷикистон ва Казоқистон” ташкил ва баргузор гардид.
Имрӯзҳо ҳамкории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо донишгоҳҳои бонуфузи Ҷумҳурии Қазоқистон дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Аз  ҷумла, байни донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии Алма–Атои Ҷумҳурии Қазоқистон мусобиқаҳои варзишӣ ва олипиадаҳои фаннӣ ташкил ва баргузор гашта истодааст, ки ин яке аз ҳадафҳои асосии пешрафти илму техникаро дар бар мегирад. 
Дар оғози чорабинӣ аз тарафи донишҷӯён Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суруди миллии Ҷумҳурии Қазоқистон  қироат гардид. Сипас аз тарафи мудири шӯъбаи робитаҳои байналмиллалии донишгоҳ Т. Каримов оид ба вазъи муносибатҳои дӯстонаи ин ду давлат сухан ронда ҳозиринро хайрамақдам гуфт. Бояд гуфт, ки асоси ин ин гуна чорабиниҳои дӯстона аз ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар чорабини намояндаи Консули Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Хуҷанд Бекбосынов Асылхан Болатович  оиб ба ҳамкории дирӯзу имрӯзи Тоҷикистону Қазоқистон маърӯза кард. Мавсуф дар маърӯзаи худ таъкид дошт, ки имрӯзҳо ташкили вохӯрӣ,  чорабиниҳои таълимӣ–тарбивӣ ва илмӣ–тадқиқотӣ, олимпиадаҳои фанниву варзишӣ байни устодону донишҷӯёни мактабҳои олии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қазоқистон рӯ ба тараққӣ ниҳодааст, ки ин аз муносибатҳои дӯстонаи байни ду давлат шабоҳат медиҳад. Дар фарҷоми сухан Бекбосынов Асылхан Болатович таъкид дошт, ки барои мустаҳкам намудани робитаҳои дуҷонибаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  ва Донишгоҳи давлатии Алма–Атои Ҷумҳурии Қазоқистон маҳфили “Хушдидон” дар мавзӯи “Дӯстии халқҳои Тоҷикистону Қазоқистон” баргузор гардад. 
Дар идомаи ҷорабини аз ҷониби донишҷӯён шеърҳо дар васфи Ватан, Модар, Забон, Дӯстӣ ва ташаккули тарбияи ватандӯстиву худогоҳии миллӣ бо  забонҳои тоҷикӣ, қазоқӣ ва русӣ   қироат  карда  шуд.
Дар интиҳои чорабинӣ аз тарафи мудири шӯъбаи робитаҳои байналмиллалии донишгоҳ Т. Каримов ба иштирокчиён ва ташрифовардагон изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки минбаъд барои муносибатҳои дӯстонаи байни давлатҳои Тоҷикистону Қазоқистон саҳмгузор бошем.
 
Маркази иттилоот ва таҳлил
 
 
Аз назар гузарониданд:491 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар