ба қафо
ШАНБЕГӢ БО ҶАЛБИ 2000 НАФАР
2017-09-05
Шанбеи ҳафтаи гузашта наздик 2000 нафар кормандону донишҷўёни 15 факултетҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар асоси супориши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гирду атрофи биноҳои таълимии №1, №2, №3, факултетҳои филологияи тоҷик, санъат, геоэкология, тарбияи ҷисмонӣ, таърих ва ҳуқуқ, филологияи руси донишгоҳ ва хобгоҳҳои №1, 2, 3 ва 9 донишҷӯён шанбегиҳо гузаронида, гирду атрофи муассисаи таълимӣ, синфхонаҳо, долонҳо, боғу гулгаштҳо ва роҳраву ҷўйборҳоро аз партовҳо тоза карданд.
Дар натиҷа, наздик 9400м2 гирду атрофи бино, 500 метр ҷўйборҳо, 2000 м2 боғу гулгаштҳо ва кӯчаю роҳравҳои шаҳри Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуданд, ки вазни он беш аз 9 (нуҳ) тоннаро ташкил дод.
Дар шанбегиҳо донишҷўён - ҷавонон фаъолона ширкат варзида, бо ҳисси баланди ватандўстӣ дар ободониву гулгулшукуфии диёр саҳм гузоштанд.
Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ
Аз назар гузарониданд:625 нафар
баён кардани ахборот