ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ВОХӮРИИ УСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ БО КОРМАНДОНИ ПРОКУРАТУРАИ ВИЛОЯТИ СУҒД
2017-10-19

Тибқи нақшаи чорабиниҳои якҷоя ва ҷадвали  вохӯриҳо аз 3-уми октябри соли 2017 кормандони дастгоҳи Прокуратураи вилояти Суғд З. Қаюмзода, Д. Ҷӯраева ва Х. Худоёрзода бо устодону донишҷўёни донишгоҳ аз санаи 5.10.2017 то санаи 7.11.2017 вобаста ба фаҳмонидани моҳияти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ”, тағйиру иловаҳои ба қонунҳои мазкур аз 28.08.2017 воридкардашуда ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ¬–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 30 августи соли 2017 зимни ифтитоҳи бинои нави Академияи ВКД ҶТ баён гардидаанд, силсила вохӯриҳоро баргузор менамоянд.
Дар ҳамин асос дар толори маҷлисгоҳи факултети физикаю техника чорабинии навбатӣ доир гардид. Дар ин чорабинӣ корманди дастгоҳи Прокуратураи вилояти Суғд Ҷӯраева Донохон Тӯрахоновна, мутахассиси пешбари раёсати тарбияи донишгоҳ Маҳмудҷон Ӯлмасов, мудири кафедраи ҳуқуқшиносии факултети таърих ва ҳуқуқ Иброҳимҷон Ҷабборов ва беш аз 100 нафар устодону донишҷӯёни факултетҳои физикаю техника ва математика ширкат варзиданд.
Маҳмудҷон Ӯлмасов ба ҷамъомад ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо ҳадафҳои асосии ҳамоиши мазкур, мақсад, вазифа ва доираи амали Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки ба ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиати иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, ошно ва риштаи суханро ба корманди дастгоҳи Прокуратураи вилояти Суғд Ҷӯраева Д.Т. вогузор намуданд. 
Д. Т. Ҷӯраева қайд намуданд, ки имрузҳо дар тамоми қишри ҷомеаи Ватани азизамон мавзӯи баҳси меҳварӣ–ин таҳияи Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад, зеро парламенти Тоҷикистон 28 авгуси соли ҷорӣ ба Қонуни зикргардида як қатор тағйиру иловаҳоро дохил намуд. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд, “То расму ойин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағи зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ниоил шуда наметавонем”. Омӯзиш ва таҳлил нишон дод, ки ҳамаи он тағйироту иловаҳое, ки ба Қонун ворид шудаанд, барои дастгирии мардум, баҳтар намудани иқтисодиёти оила ва ба танзим даровардани маъракаҳои мардумӣ равона шудааст. Донохон Ҷӯраева ҳамзамон бо такя ба Қонуни фавқузикр дар бораи манъ ва маҳдуд карда шудани чанд маъракаҳо-ақиқа, “Ҳоҷизиёрат”, ноншиканон, модарталабон, падартала-бон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтоз (роҳбандон), тӯйи хатна, гаҳворабандон, чиллагурезон, маросими дафну азодорӣ, Иди Рамазон ва Қурбон, дар бораи салоҳияти нави комиссияи танзим, вақти баргузории маъракаҳо, муҷозот, оиди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои ҶТ “Дар бораи маориф”, “Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ”, “Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ” ва “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”  ва дигрон  маълумоти мушаххас манзур намуданд. 
Мудири кафедраи ҳуқуқшиносии факултети таърих ва ҳуқуқ Ҷабборов Иброҳимҷон Раҳматович дар гузориши худ аз таърихи қабул ва амали даҳсолаи Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни мазкур, шарҳи муфассали ин тағйиру иловаҳо ва, аз ҷумла, оиди танзими хизматрасонӣ дар ҷашну маросим, ӯҳдадории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми гузаронидани тӯю маъракаҳо, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур ва диг. бо мисолҳо аз ҳаёти воқеӣ ба таври возеҳу равшан маълумот гирд оварданд. Ҳамзамон ба масъалаҳои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои марбутаи соҳаи маориф, ба тавсиб расидани фармоиши Вазири маориф ва илми ҶТ таҳти №1518 аз 01.05.2017 ва фармоиши ректори Донишгоҳ таҳти №01/741 аз 03.05.2017 дар бораи манъ будани омадани донишҷӯён ба машғулият бо мошинҳои шахсӣ,  истифодаи телефони мобилӣ дар раванди таълим, ба дарс омадан бо либоси ғайритавсиявӣ ва дар биноҳои таълимӣ кашидани тамоку ва нос, ҳамзамон дар бораи татбиқ намудани  ҷазои интизомӣ нисбати донишҷӯёне, ки тартиботи муқаррарӣ ва Қоидаҳои тартиботи дохилиро  вайрон мекунанд, диққати махсус зоҳир намуданд.
Сипас, чанд нафар устодону донишҷӯён ба маърӯзачиён бо суолҳои худ муроҷиат намуданд. Устоди кафедраи анализи математикӣ Турсунбой Эргашбоев фаҳмиданӣ хостанд, ки дар мавриди гузаронидани ҷашни зодрӯз, ҷои баргузории он, теъдоди иштирокчиёни ин ҷашн қонунгузор кадом тартибро муқаррар намудааст?
Донишҷӯи курси 3-уми ихтисоси математика-физика Абдурашид Махсудов пурсон шуд, ки доир ба гузаронидани рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон ба Қонун чӣ гуна тағйироту иловаҳо ворид карда шудаанд?
Маърӯзачиёни ҷамъомади мазкур Д.Ҷӯраева ва И.Ҷабборов ба саволҳои гузошташуда дар асоси қонунӣ ҷавобҳои қаноатбахш доданд.
Дар фарҷоми ин чорабинии муфид декани факултети физикаю техника Р.Назаров ибрози андеша намуда гуфтанд, ки аслан 10 сол қабл аз ин қабул гардидани Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ин Қонун ва чанд қонунҳои дигари соҳаи маориф бо дарназардошти талаботи замони муосир ва вазъи  ҷомеаи имруза, бо амри зарурат бори дигар собит менамояд, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати иҷтимоии худ ба инсонпарвариву маорифпарварӣ, хирадмандиву дурбинӣ рӯ ниҳода, дар фаъолияти амалии худ ба ин сиёсат содиқ мондаанд. Барандагони ин сиёсат дар ҷомеаъ, аз ҷумла, устодону шогирдони донишгоҳ маҳсуб меёбанд. Р.Назаров ба раёсати донишгоҳ ва роҳбарияти мақомоти Прокуратураи вилояти Суғд барои ташкил ва гузаронидани чунин мулоқоти судманд, барои иштироки фаъолонаи маърӯзачиёну иштирокдорон арзи сипос намуда, бовар кунониданд, ки коллективи меҳнатӣ ва донишҷӯёни факултетҳои классикии физикаю техника ва математика ин сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳаматарафа ҷонибдорӣ намуда, дар пиёда сохтани сиёсати мазкур ва, аз ҷумла, талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи маориф”, “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ” саҳмгузор хоҳанд буд. 
 
Маркази иттилоот ва таҳлил
 
Аз назар гузарониданд:520 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар