ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ДАР БОРАИ ЯК НУСХАИ «ТАЗКИРАИ ФАҲМӢ»
2017-10-20

Маҳфили илмии профессор Матлубаи Мирзоюнус  таҳти унвони «Фурӯғ» таи чанд сол аст, ки моҳе ду маротиба баргузор мегардад. Ин навбат бо иштироки намояндагони илму адаб,  устодон , аспирантону унвонҷӯён, донишҷӯён ва магистрантон дар сатҳи баланди илмӣ доир гардид. Сараввал мудири кафедраи адабиёти классикии тоҷик, дотсент Субҳони Аъзамзод доир ба навгониҳои илмиву фарҳангӣ гузориш намуда, мӯҳтавои чопи ҷадиди маҷаллаҳои «Номаи донишгоҳ», «Садои шарқ», «Паёми Суғд» ва нашри китобҳои «Девон» ва «Ашъори мунтахаб»-и Сайфи Исфарангӣ (дар таҳияи Аъзамов С.), «Нақди адабӣ»-и А.Зарринкӯб (дар таҳияи К. Шукруллоҳӣ), «Муқаддимаи адабиётшиносӣ»-и Б. Мирсаидов, «Избранные стихотворения»-и Лоиқ (дар таҳияи Б. Алавӣ), «Оташ дар хонаи қадим»-и Муллонасриддин, «Армони модар»-и Б. Икромов, «Фарзандони замон»-и Л. Саид, «Зиндагиномаи Бедил»-и Б. Раҳимӣ, «Ҳақиқатро бараҳна бояд дид»-и М.Зайниддинов, «Адиби андешапарвар»-и  Г. Шарифова, «Хусусиятҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои Сорбон»и Д. Қаюмова, «Гули рӯи хорсанг»-и М. Пӯлодзода, «Теҳроне, ким ан шинохтам….»-и Амирҳамзаи Ҳоҷӣ Сайидолимро муаррифӣ намуд.
Баъдан профессор Матлубаи Мирзоюнус дар мавзӯӣ «Дар бораи як нусхаи «Тазкираи Фаҳмӣ» маърӯза намуда, қайд кард, ки: «Зимни таҳқиқи ин асар муаллиф ба хулосае расидааст, ки Фаҳмӣ дар тазкираи худ маълумоти тоза овардааст, ки дар тазкираҳои дигар ба  назар намерасанд ва ин ки устод Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» ду мақолаи онро нақл кардааст, аз арзиши ин тазкира дарак медиҳад».
Бо ҳамин маҳфил дар сатҳи баланд баргузор гардид ва дар охир унвонҷӯён дар гирди мизи профессор М. Мирзоюнус ҷамъ омада, аз устод маслиҳату машваратҳои худро гирифтанд.
 
Маркази иттилоот ва таҳлил
 
Аз назар гузарониданд:491 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар