ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ТАҶРИБАОМӮЗӢ ДАР МИНТАҚАИ ТАҶРИБАВӢ-ТАЪЛИМИИ “ПАЛОС”
2017-10-20

Иқдоми табиатдўстонаи ректори донишгоҳ, профессор Ҷўразода Ҷамшед Ҳабибулло ҷиҳати барқарор намудани фаъолияти пурраи минтақаи таҷрибавӣ-таълимии «Палос» аз ҷониби донишҷўёни ихтисосҳои «экология» ва «агроэкология»-и факултети геоэкология хеле хуш пазируфта шуд. Гузаронидани таҷрибаомўзиҳои таълимӣ, машғулиятҳои амалӣ ва дигар намудҳои раванди таълим бевосита дар шароити  саҳроӣ боис мегардад, ки донишҷўён таълимоти назариявии худро дар амал санҷанд. Барои дастгирии иқдоми сарвари донишгоҳ санаҳои 30.09.2017 ва 14.10.2017 донишҷўёни курсҳои якум ва дуюми  ихтисосҳои «экология» ва «агроэкология» дар минтақаи таҷрибавӣ-таълимии «Палос» машғулиятҳои амалии худро аз фанҳои «Экологияи хок бо асосҳои кишоварзӣ» ва «Растанипарварӣ бо асосҳои экология» гузарониданд. Дар натиҷа донишҷўён бо намудҳои гуногуни зироатҳои кишоварзӣ, дарахтони мевадиҳанда, алафҳои бегона, таркиби ғизоии пўшиши хокӣ, қабати ҳосилхезии хок ва ғайра шинос шуданд. Дар фосилаи баъд аз машғулиятҳо зиёда аз 30–нафар донишҷўён дар ҳудуди даромадгоҳи минтақа шанбегӣ доир намуда зиёда аз 1000 метри мураббаъ масоҳатро аз хору буттаҳои бегона тоза намуданд. Инчунин, дар ҳудуди минтақа, ки нуқтаи обуҳавосанҷӣ мавҷуд аст, партовҳои сохтмонӣ ва маводҳои сохтмониро дар ҷойи махсус ҷойгир намуда ин мавзеъро ба макони ботартиб табдил доданд. 
Донишҷўёни ихтисосҳои «экология» ва «агроэкология»-и факултети геоэкология дар оянда низ гузаронидани машғулиятҳои амалиро дар ин мавзеъ мувофиқи мақсад шуморида изҳор намуданд, ки баҳри барқарор намудани минтақаи таҷрибавӣ-таълимии «Палос» саҳми худро мегузаронанд. 
 
Маркази иттилоот ва таҳлил
 
Аз назар гузарониданд:471 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар