ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
САБАБҲОИ САР ЗАДАНИ ҲОДИСАҲОИ НОМАТЛУБ БАЙНИ ҶАВОНОН ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН
2017-10-23

Дар хобгоҳи № 2 мусоҳибаи омӯзгорони факултети Телекоммуникатсия ва ТИ дар мавзӯи «Сабабҳои сар задани ҳодисаҳои номатлуб байни ҷавонон ва роҳҳои пешгирии он» бо донишҷӯён баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ донишҷӯ духтарони хобгоҳҳои №1,2,3 ва аз тарафи факултет муовини декан оид ба корҳои илм дотсент Д. Ибрагимова раиси созмони ҷавонони факултет Р.А.Холматов ва дигарон иштирок доштанд. Дар чорабинӣ муовини декан оид ба корҳои илм дотсент Д. Ибрагимова оиди мавзуи дар боло зикр шуда  баромад намуда, ба донишҷӯён оиди мафҳуми  терорризм  шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифродгароӣ ва роҳҳои пешгирии он маълумот дод. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат баён карданд: «Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Ва аксарияти аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил медиҳанд, онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллат ва давлат мебошанд». 
Дар давоми чорабинӣ бо донишҷӯён сӯҳбати озод гузаронида шуда, ба саволҳои аз тарафи донишҷӯён пешниҳод шуда ҷавобҳои мушаххас дода шуд. Баъди чорабинӣ устодон аз ҷойи зисти донишҷӯён дидан карда, аз мушкилоти онҳо пурсон шуданд.

                                                                                                                        Маркази иттилоот ва таҳлил
 
Аз назар гузарониданд:590 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар