ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
РАВАНДИ ШАКЛГИРИИ ИМИҶИ МУАССИСАҲОИ ОЛӢ
2017-10-23

Дар доираи чорабиниҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ширкати “Мегафон-Тоҷикистон”, дируз бо ибтикори муоини ректор оид ба робитаҳои  байналхалқӣ Абдуҳафиз Азизов, сардори Маркази технологияҳои иттилоотии донишгоҳ Абдуваҳоб Ваҳобов дар кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи факултети филологияи тоҷик мулоқот дар мавзуи “Имиҷ чист?” баргузор карда шуд. Онро мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума Дилбар Самадова ифтитоҳ намуда, муҳим будани лоиҳаи мазкурро таъкид кард. Сипас, сармуаллимаи кафедра Дилбар Қаюмова дар мавзуи “Раванди шаклгирии имиҷи муассисаҳои олӣ” маъруза намуд.
Зимни баромади худ Дилбар Қаюмова омилҳои муҳими таъсиррасонро ба имиҷи донишгоҳ номбар карда, гуфт, ки сифати таҳсили донишҷуён низ ба баланд шудани имиҷи донишгоҳ таъсир мерасонад. 
Менеҷери шуъбаи робита бо ҷомеаи ширкати “ Мегафон Тоҷикистон” Фазлиддин Ҳакимхоҷаев бо нишон додани наворҳои рекламавӣ ба масъала ҳусни амалӣ бахшид. Аз ҷумла оид ба корҳои ширкат барои баланд бардоштани обрую нуфузи он ҳарф зада, донишҷуёнро барои ҳамкорӣ даъват намуд. Қайд карда шуд, ки  баргузории чунин чорабиниҳо ба манфиати донишҷуён буда, ба баланд шудани донишҳои амалии онҳо мусоидат мекунад.
 
Маркази иттилоот ва таҳлил
 
Аз назар гузарониданд:576 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар