ба қафо
АЗ РАВАНДИ ДАРСҲОИ КУШОД
2017-10-24
Имрӯзҳо бо дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Э.Раҳмон ба пешрафти илму маориф такони ҷиддӣ дода шуда, шароити таҳсил дар муассисаҳои таълимии миёнаву олӣ беҳтар карда шуда, бо технологияи муосир таъмин гардонида шуданд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ вазифаи муқаддаси хешро шарафмандона ба иҷро расонида, дар амалӣ гардонидани барномаҳои давлатӣ, нақшаю барномаҳои таълимӣ ва куллан беҳтар намудани сатҳ ва сифати дониши донишҷӯён саҳми худро гузошта истодаанд.
Дар факултети забонҳои шарқ дар синфхонаи 214 дарси кушоди донишгоҳӣ бахшида 25 солагии Иҷлосияи XVI уми Шӯрои Олӣ роҳбарии муаллимикафедраи забони англисӣ Самадова С.С бо гурӯҳи 401 ихтисоси арабӣ- англисӣ гузаронида шуд. Дарс бо саволу ҷавоб дар бораи Иҷлосияи тақдирсоз оғоз шуда, сипас донишҷӯён дар бораи варзиш ахборот дода, зарбулмасалҳо ва гуфторҳоро доир ба варзиш бо забони англисӣ гуфтанд. Гурӯҳ ба ду даста, ки бо номи Барселона ва Реал Мадрид номгузорӣ карда шуда буд, тақсим карда шуд.
Барои ҳар як ҷавоби дурусти донишҷӯён муаллим ба дастаҳо баҳогузорӣ кард.Дар дарс воситаҳои техникии таълим истифода бурда шуда,ҳамаи қисматҳои дарс ба ҳам алоқаманд буд. Дарс ба таври интерактивӣ гузаронида шуд. Дар дарс ҳамаи усулҳои фаъоли таълим истифода бурда шуд. Дар дарс декани факултет дотсент Ф. Ғиёсова ва муовини декан оид ба таълим О. Мирмухамедов мудири кафедраи забони англисӣ дотсент Д. Рашидова ва дигар муаллимони факултет иштирок карданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил
Аз назар гузарониданд:606 нафар
баён кардани ахборот







