ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ТАЙЁРИИ ТАХАССУСМАНДОНИ КАСБӢ - ИФТИХОРИ ОМӮЗГОРОН
2017-10-24

Дар низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таълиму тарбия ва омодагии тахассусмандони касбӣ, алалхусус, муллимони ояндаи фаннӣ яке аз масъалаҳои муҳими мактабҳои олӣ маҳсуб меёбад.   
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми апрели соли 2009 қайд карда буданд, ки маориф яке аз соҳаҳои асосии ҳаёти ҷамъият буда, минбаъд ба ин соҳа аҳамияти хоса бояд дода шавад. Дар  паёми мазкур  қайд гардидааст, ки “Навсозӣ ва пешрафти иқтисодиётро бе рушди илму маориф ва дастгирии онҳо таъмин кардан ғайриимкон аст”. 
Инчунин дар ин паём зикр гардида аст, ки моҳияти сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф масъалаҳои дар низоми таҳсил ҷорӣ кардани меъёрҳои ҷаҳонӣ, тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат бояд ташкил диҳанд. Зеро сатҳи тараққиёти ин ё он давлат, пеш аз ҳама, аз фаъолияти босамари кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои гуногун вобастагии куллӣ дорад. Маориф ҳамчун соҳаи муҳим ва сарнавиштсози ҷомеа дар низоми сиёсати иҷтимоии давлат яке аз самтҳои асосӣ шинохта шуда, барои ислоҳоту рушди он аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали истиқлолият пайваста таваҷҷӯҳ ва ғамхории хоса зоҳир мегардад.
Мусаллам аст, ки ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзии педагогӣ яке аз талаботи асосӣ ва шарти зарурӣ барои омода намудани мутахассиссони соҳибтахассус ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, гузаронидани давраи таҷрибаомӯзӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз ду марҳила иборат аст: донишҷӯён-таҷрибаомӯзон имкон доранд, ки дар ин марҳилаҳо донишҳои назариявии дар донишгоҳ гирифтаи худро дар амал тадбиқ намоянд. Зеро дар сатҳи баланд гузаронидани таҷрибаи педагогӣ кафили тайёр намудани мутахассиси соҳибтахассус аст. Маҳз дар  ин давра таҷрибаомӯзон метавонанд дониш ва малакаю маҳорати худро сайқал диҳанд.
Имсол низ мувофиқи фармоиши ректори донишгоҳ профессор Ҷамшед Ҷӯразода (фармоиши № 1972 аз 02.10.2017 то 28.10.2017) дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 22 -и шаҳри Хуҷанд 11-нафар таҷрибаомӯзони бахши панҷуми шӯъбаи ғоибонаи факултети математика, ихтисоси математикаи амалӣ марҳилаи дуввуми таҷрибаомӯзии педагогиро дар сатҳи баланд гузарониданд.
Омӯзгори ботаҷриба, инсони комил, сарвари мактаб Ҳошимова З. донишҷӯён – таҷрибаомӯзонро бо хушнудӣ пазироӣ намуда, шароити хуби корӣ муҳайё сохт ва имконият фароҳам овард, ки дарсҳо бо истифода аз технологияҳои муоссир дар сатҳи баланди илмӣ гузарад.
Дар ин марҳилаи пурмасъулият таҷрибаомӯзон-донишҷӯён кӯшиш карданд, ки бо истифода аз технологияҳои муоссир машғулиятҳоро дар сатҳи баланд гузаронанд ва хонандагону омӯзгорон аз дарсҳои онҳо қаноатманд бошанд. Омӯзгорони ботаҷрибаи мактаб  Камолова С., Толибова З., Бердимуродова Ш. Яқубова Г., Солихӯҷаева дарсҳои онҳоро таҳлил намуда, ба таҷрибаомӯзон маслиҳатҳои муфид дода, барои баланд бардоштани савияи дониши онҳо, сайқал додани малакаю маҳорати онҳо кӯмаки амалӣ расонида,  таҷрибаомӯзонро бо якчанд нозукиҳои касби омӯзгорӣ бархурдор намуданд. Онҳо пайваста кӯшиш мекарданд, ки таҷрибаи кории худро ба ҷавонон – таҷрибаомӯзон омӯзонанд.
Боиси қайд аст, ки бо ташаббуси маъмурияти мактаб корҳои таълиму тарбия дар дараҷаи баланд ба роҳ монда шуда, ҳамаи  донишҷӯён –таҷрибаомӯзон дарсҳои тарбиявиро  дар мавзӯъҳои “Забони модарӣ ва мавқеи он дар ҷомеа”, “ Рамзҳои давлатӣ – муқаддасоти мо“ дар синфҳои 7-9 бо роҳбарии роҳбарони синф гузарониданд. 
Дар ин раванд маслиҳатҳои муфиди илмию педагогии декани факултет, номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Қулихон Бобохонов бевосита баҳри пешрафти фаъолияти таҷрибаомӯзон аён мегардад. Инчунин устод Убайдуллоев Аҳрор аз кафедраи педагогикаи умумӣ, дотсент Бойматов Сайфулло аз кафедраи психология, роҳбарони таҷрибаомӯзӣ  дотсент Раҷабова Саодат ва сармуаллим Мирзохӯҷаев Музаффар барои ҳалли муаммоҳои педагогиву психологӣ ва тахассусии  таҷрибаомӯзон маслиҳатҳои муфид доданд. Мудири шӯъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон дотсент Пӯлотов Назирҷон ва мудири шӯъбаи ғоибонаи донишгоҳ дотсент Маҳмадшоев Маҳмадшо аз рафти таҷрибомӯзӣ якчанд маротиба дидан намуда, ба фаъолияти донишҷӯён –тарибаомӯзон дастурҳои расмӣ доданд. 
Боиси хушбахтист, ки коллективи омӯзгорони мактаб бо донишгоҳ ҳамкории хуб дошта, барои беҳтар намудани сифати таълиму тарбия таклифу дархостҳои худро баён месозанд. Мо омӯзгорон низ пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҷавононро бо роҳи дуруст ҳидоят намуда, барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисои соҳаи маорифи кишвар ва баланд бардоштани маърифати илмии онҳо саҳмгузор бошем.
 
Маркази иттилоот ва таҳлил
 
 
Аз назар гузарониданд:668 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар