ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ИНКИШОФИ АЛОҚАҲОИ ГУМАНИТАРИИ ТОҶИКИСТОНУ РУССИЯ
2017-10-24

Имрӯз дар маҷлисгоҳи хурди Донишгоҳи давлатии  Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мизи мудаввар дар мавзӯи “Инкишофи алоқаҳои гуманитарии Тоҷикистону Руссия” доир гардид. Ин чорабинӣ бо ташаббуси ташкилоти экспертии ”Урал–Эвразия” (Руссия) баргузор гардид. Онро муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ А. Азизов ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо дастовардҳои донишгоҳ шинос намуд. Модератори мизи мудаввад Погорельский Канстантин сарвари ташкилоти “Урал–Эвразия”  дар бораи мақсад ва мароми ин нишаст сухан ронд.  Дар навбати худ роҳбари филиали намояндагии  Россотрудничечтво дар шаҳри Хуҷанд И. Иванов доир ба нақшаҳои ташкилоти худ сухан ронда, самтҳои асосии дасгирии соҳаи маорифро дар вилояти суғд баррасӣ намуд. Дар муҳокимаи масъалаҳои гузошташуда олимони донишгоҳ Иномҷон Мамадалиев, Набиҷон Раҳимов, Илҳом Каримов, Темур Каримов ва дигарон баромад намуданд. Инчунин дар мизи мудаввар Содиқова Хуршеда–роҳбари филиали намояндагии фонди инкишоф, институти тадқиқоти “Авро Осиё” дар вилояти Суғд, Мавзуна Дадабоева намояндаи рӯзномаи Согдийская Правда, Рудаков Вадим – эксперти “Урал Эвразия” Дилбар Самадова–мудири  кафедраи журналистикаи донишгоҳ ва дигарон иштирок намуда, фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд. Дар ҷараёни муҳокима чунин масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт: 
• Мафҳуми ҳакории гуманитарӣ 
• Моҳияти таърихӣ ва мадании алоқаҳои башардӯстона байни Руссия ва Тоҷикистон 
• Таҳлили лоиҳаҳои гуманитарӣ, ки Точикистону Руссия дар замони муосир амалӣ мегардонанд
• Мавқеи забони русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роли журналистон доир ба мустаҳкам намудани равобити дӯстӣ ва ҳамкорӣ намудан дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва дигарон.


Маркази иттилоот ва таҳлил
 
Аз назар гузарониданд:587 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар