ба қафо
ИДИ МЕҲРГОН
2017-10-25
Дар толори факултети геоэкология чорабинии тарбиявӣ–фарҳангӣ бахшида ба ҷашнгирии иди аҷдодии тоҷикон Иди Меҳргон баргузор гардид.
Иди Меҳргон-яке аз идҳои куҳантарини ҷашнҳои мардуми Ориёнажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчуни ситоишу ниёиш Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати оинӣ меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёнидаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст.
Дар ин чорабинии идона, меҳмонон аз раёсати донишгоҳ, устодон ва донишҷуён иштирок намуданд.
Декани факултети номбурда, дотсент М. Аминов ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, аз таърихи ҷашн гирифтани Иди Меҳргон ҳарф зад ва иштироки меҳмононро хайрамақдам гуфт.
Сипас, озмуни «Ороиши дастурхон бо меваю сабзавод» аз тарафи донишҷӯён гузарониданида шуд, ки онро аҳли нишаст хуш қабул карданд.
Баъд аз тарафи донишҷуён озмуни шеърхонӣ дар мавзуи «Иди Меҳргон» доир гардид, ки он низ аз тарафи иштирокчиён хуб пазируфта шуд.
Дар охир озмунҳо ҷамъбаст шуда, ба ғолибон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Маркази иттилоот ва таҳлил
Аз назар гузарониданд:565 нафар
баён кардани ахборот







