ТЕЛЕФОН:+992 342265273
EMAIL:ittiloothgu@mail.ru
ИМРӮЗ
СОАТ

ЭЪЛОН
Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ба таваҷҷўҳи Шумо мерасонад, ки санаҳои 5-6-уми октябри соли 2018 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи таълимӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таълим дар замони муосир» бо иштироки олимон ва мутахассисони соҳавӣ гузаронида мешавад. Аз ин ҷиҳат, хоҳишмандон метавонанд, мақолаҳои худро ба суроғаи электронии talim.hgu@mail.ru; bohir-1988@mail.ru ирсол намоянд.



ба қафо
ТАҲҚИҚИ НАСРИ СОРБОН
2017-10-25

Нашриёти «Хуросон»  китоби сармуаллимаи кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи факултети филология Қаюмова Дилбархон Ғафуровнаро зери унвони «Хусусиятҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои Сорбон»-ро бо теъдоди 100 нусха аз чоп баровард. Бояд қайд кард, ки рисолаи мазкур зери назари доктори илмҳои филологӣ, корманди шоистаи Тоҷикистон, профессор Матлуба Хоҷаева ба нашр расидааст. 
Рисола ба таҳқиқи масоили насри муосир, хосса вижагиҳои жанрию услубии ҳикоя ва повестҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии  ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, устод Сорбон пури Ҳамроҳ бахшида шудааст.
Арзиши назариявию амалии китоб дар он зоҳир мегардад, ки муаллиф муҳимтарин ҷанбаҳои  поэтикии анвои ёдшудаи адабиро дар мисоли мероси маънавии ин адиби тавонои тоҷик ҳамаҷониба тадқиқ кардааст.
Рисола барои муҳаққиқони таърихи насри муосири тоҷик ҳамчун сарчашмаи илмӣ ва дастур хидмат карда, ҳамзамон армуғони хубе ба тамоми ихлосмандони  насри устод Сорбон хоҳад буд.
 
Маркази иттилоот ва таҳлил
 
Аз назар гузарониданд:601 нафар



баён кардани ахборот


Electronic
ДОНИШГОҲ ДАР РАҚАМҲО
муфассалтар

ДДХ
ТЕЛЕВИЗИОНИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

ДДХ
РАДИОИ ДОНИШГОҲ
муфассалтар

Electronic
ҚАБУЛГОҲИ ЭЛЕКТРОНИИ РЕКТОР
муфассалтар